Дарси кушоди намунавӣ аз фанни педагогика

Дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар мавзӯи «Ташхиси педагогии кӯдакони нуқсондор» дарси кушоди намунавӣ аз фанни педагогика гузаронида шуд.

Дарси кушод таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълими донишгоҳ Нурбибӣ Ғарибмамадова дар гурӯҳҳои дефектология, олигофренопедагогика, сурдопедагогика, логопедияи факултети биология бо ширкати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни соли якуми факултет гузашта, дар рафти он ҳамаи паҳлӯҳои мавзӯъ пурра таҳлил гардид.

Дар умум дарс тариқи маърӯзаву айёниятҳои марбут сурат гирифта, ба қоидаҳои маъмули педагогӣ ҷавобгӯ буд.

Омӯзгори дарсдиҳанда қайд намуд, ки муҳассилинро мебояд тамоми нозукиҳои мавзӯъро омӯзанд, дар оянда дар асоси таълимоти назариявию амалӣ бар хислатҳои неку барҷастаи инсонӣ такя карда, бо чунин гурӯҳи кӯдакон кору фаъолият намоянд.

Қисмати дигар дарс аз викторинаи саволу ҷавоб иборат буда, рақобати гурӯҳҳо дар он ҷолибу шавқовар гузашт.

“Фурӯғи Маърифат”

Search