Чорабинии идона дар факултети таърих ва ҳуқуқ

Дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва мудирони кафедраҳои факултет, омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои аввал (бахши таърих ва ҳуқуқ, таърихи дин, таърих) иштироку баромад намуданд.

Муҳассилин созҳои дилнишин дар васфи Ватану меҳанпарасӣ сароида, рақси зебои миллиро пешкаши ҳозирин намуданд. Баъдани миёни донишҷӯён викторинаи саволу ҷавоб гузашта, баҳсу пурсишҳои ҷолиби илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар охир декани факултет Лола Назархудоева ҳамагонро ба муносибати ҷашн таҳният гуфта, дар симои онҳо кулли тоҷикистониён табрику муборакбод кард. Инчунин, роҳбарияти факултет барои донишҷӯёни фаъол ҷиҳати омода намудани чорабинии рангини идона изҳори миннатдориву самимият баён намуд.

Факултети таърих ва ҳуқуқ

Search