САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА ВОДИИ ШОҲДАРА

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани тарғибот ва ҷалби довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ – тарғиботии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба ҷамоатҳои Роштқалъа ва Мирсаид Миршакари  водии Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарӣ корӣ анҷом дод.

Ҳамин тавр, гурӯҳи корӣ дар ҳайати устодони донишгоҳ Қадам Қадамов, Суҳроб Мирзошоев ва Нағзибек Бинётов дар асоси супориши бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ аввалан бо мудири Шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Роштқалъа Файзулло Паҳлавонов мулоқот карда, ҷонибҳо оид ба ҳадафи сафари корӣ табодули афкор намуданд.

Зимни суҳбат бо директори дар МТМУ № 26 - и маркази ноҳия Насиба Ёдалиева ва хатмкунандагони муассиса қайд шуд, ки сифати таълиму тарбия дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ хуб ба роҳ монда шуда, он бо синфхонаҳои васеъу барҳаво ва муҷаҳҳаз бо ҳама таҷҳизот, лабораторияҳои муосири таълимӣ, ташхисгоҳҳо, толорҳои ҷаласавию кабинетҳои фаннӣ, хобгоҳҳои замонавӣ таъмин буда, феълан ҳама имкониятҳо барои тайёр намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ муҳайё аст.

Таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ҳаёти маданӣ, маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдоди фараҳбахшу дорои аҳамияти бузурги сиёсию фарҳангӣ маҳсуб меёбад ва дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги вилоят як санаи навро боз намуд.

Дар мактаби болозикр 25 нафар хатмкунандагон бо фаъолияту шароитҳои донишгоҳ тавассути пахши наворҳои видеоӣ ва дигар маводҳои таблиғотӣ ошноӣ пайдо карда, маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Дар МТМУ № 27 - и деҳаи Пастарези ҷамоати Роштқалъа, вохӯрӣ бо директори он Заррагул Назаршоева ва хатмкунандагони ин муассисаи талимӣ дар фазои озоду самимӣ гузашта, вобаста ба фаъолияту шароитҳои донишгоҳ маълумоти муфассал манзур гардид.

Мавриди қайд аст, ки чунин силсиламулоқотҳо, инчунин бо роҳбарияту омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 25 – и деҳаи Анҷин, № 22 – и деҳаи Видоҷ, № 21 -и деҳаи Бидиз, № 18 – и деҳаи Барҷангал, № 21 - и деҳаи Бидиз, № 18 – и деҳаи Барҷангал гузашта, шумораи махсуси рӯзномаи “Фурӯғи Маърифат” ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ дастраси хонандагон гардид.

Search