Дарси тарбиявӣ – намунавӣ ба ифтихори таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

ХОРУҒ, 22. 02. 2021. /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Бахшида ба 28 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо иштироки декани факултет Ҷамшед Заргаров, муовинони декан ва сарпарастони гурӯҳҳо дарси тарбиявӣ – намунавӣ баргузор гашт.

Дарси тарбиявиро Манзура Гуламадшоева, омӯзгори факултет барои донишҷӯёни курси якуми гурӯҳи информатика бо ҳадафи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву садоқат ба Ватан - Модар, ҳифзи арзишҳои милливу соҳибистиқлолӣ доир намуд.

Дар баробари маърӯзаҳои гуногуни меҳанпарастӣ, инчунин нақлу ашъори баландмазмун дар васфи Ватан, аскару афсар, Истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ қироат шуд.

Баъдан филми ҳуҷҷатӣ аз ҳаёту фаъолияти низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардид.

Search