МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ВОДИИ ДАРМОРАХТ

Чанде пеш гурӯҳи корӣ – таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) ҷамоати Ғарибшо Шаҳбозови водии Дарморахти ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо сӯҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии устоди кафедраи фанҳои муҳандисӣ Солим Шамшеров ва ҳайати гурӯҳи корӣ саромӯзгори факултети иқтисод Соҳибназар Холиқназаров, корманди донишгоҳ Моҳру Ҷонмамадова нахуст дар МТМУ № 1 ба номи Тилло Пулодӣ, деҳаи Нишуспи ҳамин ҷамоат бо директори мактаб Надима Саидбекова, омӯзгорон, хонандагони синфҳои 9, 10, 11 ва волидони хатмкунандагон мулоқот карданд.

Дар аснои пешниҳоди маълумоти муфассал оид муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хоруғ зикр гардид, ки дар зарфи 28 соли фаъолияташ донишгоҳ бо дастгирии ҳаматарафаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як маркази тавонои илмию таълимӣ ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ табдил ёфт. Дар ин муддат донишгоҳро зиёда аз 10 ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар бо ихтисосҳои педагогӣ хатм намуданд, ки аксарияти онҳо дар мактабҳои миёна, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои дохили кишвар ва берун аз он кору фаъолият мекунанд.

Чунин сӯҳбату вохӯриҳо дар МТМУ № 2 ба номи Мамадсалим Мамаднаимови деҳаи болозикр, МТМУ № 3 ба номи Сайфиддин Шоинбодови деҳаи Пиш, МТМУ № 4 ба номи Мискин Бозичаеви деҳаи Гожак бо директорони макотиб - Гулбону Шоалифова, Реза Қосумбекова ва Хушнамо Сухробова, омӯзгорону толибилмони синфҳои болоӣ ва волидони хонандагон сурат гирифт.

Search