РЎЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ДДХ БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Имрӯз, 20 феврал, дар толори фарҳанги Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амибекзода, ректори донишгоҳ – доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода, корманди дастгоҳи раиси вилоят Нилуфар Асламшоева, муовинони ректор, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Г. Юсуфзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашн табрику таҳният намуда, қайд кард, ки расо 28 сол пеш, рўзи 23-юми феврали 1993 дар рўзҳои басо душвору таърихӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва дар печутоби роҳи душвори Истиқлолият, таҳкими Ваҳдати миллӣ чун ҳомӣ ва сипари давлату миллат пешрафт намуд:

Артиши ҷавони миллӣ дар солҳои фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безараргардонии гурӯҳҳои ифротгарою ҷинояткор саҳми босазо гузошт. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.

Ректори донишгоҳ дар идомаи суханронии хеш махсус зикр кард, ки Артиши миллӣ бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавре таҳкиму тақвият ёфт, ки имрўз ба куллӣ қодир аст, то давлату кишвари тозабаҳори моро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо муҳофизат намояд.

Назира Амирбекзода, муовини раиси вилоят аз номи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов аҳли толорро ба ифтихори ид табрику шодбош намуда, азҷумла иброз дошт, ки

“Муҳофизу ҳимоятгари Ватан будан ба ҳар кас осон набуда, он пеш аз ҳама заҳмати зиёд, бедорию зиракӣ, иродаву қатъият, устувориву матонат, ҷасорату далерӣ, душворписандӣ ва ҷонбозию фидокорӣ мехоҳад. Бемуболиға, имрӯз гуфтан ҷоиз аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо омодагии баланди сиёсию ҳарбӣ зиндагӣ ва меҳнати осоиштаи халқу кишварро таъмин намуда, дар муқобили аъмоли зишти ҷомеа ва ҳифзи рифоҳу амнияти миллӣ ҳиссаи сазовор доранд”.

Сипас барномаи хотирмони фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ пешкаши аҳли толор гардида, сурудҳои дилнишин дар васфи Ватану меҳандӯстӣ садо доданд.

Мавриди қайд аст, ки баъди анҷоми чорабинии тантанавӣ муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода аз ошхонаи нави Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ки чанде пеш бо иқдоми роҳбарияти донишгоҳ кушода шуд, боздид ба амал овард ва ба сифати тарҳи нав, пухту пази ошхона баҳои баланд дода, бо устодону муҳассилини донишгоҳ тановули ғизо кард.

 

 

“Фурӯғи Маърифат”

Search