Гурӯҳи корӣ дар ҷамоатҳои Пастхуфу Мирзоҷон Ширинҷонов

Чанде қабл гурӯҳи корӣ – таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) ҷамоати Пастхуфи ноҳияи Рӯшон ва ҷамоати Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳбарият, омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати декани факултети таърих ва ҳуқуқ Лола Назархудоева, муовини сардори Раёсати таълими донишгоҳ Мирзошо Ҷангибеков аввалан дар МТМУ № 16 ба номи Бахталӣ Дарвешови деҳаи Баҷуви ҷамоати Пастхуф бо директори мактаб Насиба Воҳидова ва хатмкунандагони он оид ба интихоби ихтисосҳои гуногун дар ДДХ, шароиту икониятҳои нави таҳсил, марказҳои инноватсионӣ ва пойгоҳҳои моддиву техникии донишгоҳ мулоқот карданд.

Дар МТМУ № 15 ба номи Лангардор Ватаншоеви деҳаи Пастбаҷуви ҷамоати болозикр ҳини вохӯрӣ бо директори мактаб Нисо Амиргулхонова ва хатмкунандагони он қайд гардид, ки аксарияти толибилмон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшоносӣ рағбати зиёд дошта, дар оянда мехоҳанд, беҳтарин муҳассилин донишгоҳ шаванд.

Инчунин гурӯҳи корӣ – таблиғотӣ дар МТМУ № 7 ба номи Раҳим Додихудоеви деҳаи Сохчарви ҷамоати Мирзоҷон Ширинҷонов таблиғот бурда, бо роҳбарияту омӯзгорони муассиса вобаста ба имкониятҳои таҳсилу бозомӯзӣ дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.

Search