СИЛСИЛАМУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ВОДИИ БАРТАНГ

Чанде пеш гурӯҳи корӣ – тарғиботии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳбарият ва омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии мактабҳои ин водии зебоманзар сӯҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Нахуст гурӯҳи корӣ дар ҳайати устодони донишгоҳ Ҳайдар Таваккалов ва Ҷаббор Хуҷаназаров дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) № 26 – и деҳаи Разуҷ бо директори мактаб Абдусаттор Абдусатторов ва хатмкунандагони мактаб мулоқот намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ зикр гардид, ки аксарияти мактабҳои Бартанг толибилмони зиёди болаёқат дошта, мактаббачагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва чорабиниҳои сатҳҳои гуногун иштироки фаъолона доранд.

Ҳамин тавр, дар сӯҳбату вохӯрӣ бо директори мактаби № 24 – и деҳаи Сипонҷ Латофат Толибекова ва хатмкунандагони мактаб масоили қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ихтисоси мувофиқ, таълиму бозомӯзӣ дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва имкониятҳои муосири талимии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Силсилавохӯриҳо инчунин дар МТМУ № 17 – и деҳаи Емс ва МТМУ № 10 – и деҳаи Шуҷанд бо директорони мактабҳо Далер Ғуломиддинов, Хатмсурат Шукрисоҳибова ва хонандагони синфҳои болоӣ сурат гирифта, сипас маводҳои таблиғотиву шумораи махсуси рӯзномаи “Фурӯғи Маърифат” дастраси толибилмон шуд.

Search