Ғолибони баъзе мусобиқаҳои “Канӣ писарон!” маълум шуданд

17 феврали соли равон ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, доктори илмҳои физикаю математика Гулзорхон Юсуфзода ва ҳамкории ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ озмуни ҳарбӣ – ватандӯстии “Канӣ писарон!” оғоз гашт.

Озмун бо мақсади тақвияти ҳисси ватанпарасатии ҷавонон, таҳкими рафоқат миёни муҳассилин минтақаҳои гуногуни кишвару берун аз он, ташаккули мақоми ҷавонписарон ҳамчун муҳофизони Ватан ва таблиғи тарзи ҳаёти солим аз 17 то  19  моҳи феврали соли  2021 миёни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ мегузарад.

Ҳамин гуна, мусобиқаи аввали озмун, ки аз шартҳои давидан ба масофаи 100 м, пойга (кросс) дар мавзеи ноҳамвор ба масофаи 3 км, партофтани норинҷак (норинҷаки таълимии Ф-1, 600 гр.), тирпарронӣ аз милтиқи пневматикӣ, турниккашӣ ва вазнбардорӣ (санги 24 кг.) иборат буд, ба охир расид.

Аз рӯи натиҷаҳои умумии мусобиқаи якум ғолибон ба тариқи зайл маълум гардиданд:

Тирпарронӣ

  1. – Қадаменов Мулкамон, донишҷӯи курси 4, факулети забонҳои хориҷӣ (32 хол);
  2. – Амонбеков Адилир, курси 1, факултети педагогӣ 30 ( хол);

III. – Суриев Акмал, курси 3, факултети иқтисод (25 хол).

Турниккашӣ (аз пеш факултету баъд ихтисос)

  1. Забонҳои хориҷӣ - Қурбоншоев Алишо, курси 1, забони англисӣ (ихтисоси тарҷумонӣ) ва аз факултети педагогӣ Олимбеков Садриддин курси 2, тарбияи ҷисмонӣ
  2. Математика - Хушолбоев Фируз, курси 3, информатика;

Вазнбардорӣ (16 кг)

  1. Таърих ва ҳуқуқ - Хуҷаназаров Оламҷон, курси 1, таърих ва ҳуқуқ;
  2.  Илмҳои табиӣ - Елназаров Амин, курси 1, хим-биолог;

III. Забонҳои хориҷӣ - Ақсақолов Гулшо, курси 2, забони англисӣ (омузгорӣ)

Партофтани норинҷак

  1. Забонҳои хориҷӣ - Бердиев Муяссар курси 2, забони олмонӣ;
  2. Иқтисод – Худобердиев Худобахш., курси 1, иқтисодиёти ҷаҳон;

III. Математика - Мараматшоев Ҷовид, курси 4, информатика

Давидан ба масофаи 3 км (кросс)

  1. Таърих ва ҳуқуқ - Пулодбеков Бахтиёр, курси 2, таърих ва ҳуқуқ;
  2. Педагогӣ - Гадомамадов Алимамад, курси 2, тарбияи ҷисмонӣ;

III. Математика - Зайиров Майсалбек, курси 1, математика

Давидан ба масофаи 100 метр  

  1. Педагогӣ - Хуҷамбердиев Маснав, курси 3,тарбияи ҷисмонӣ;
  2.  Забонҳои хориҷӣ - Алимамадов Амин, курси 1, забони англисӣ (омӯзгорӣ)

III. Илмҳои табиӣ - Вазирбеков Мунир, курси 2, ГТС.

Бояд гуфт, ки мусобиқаҳои дигари озмун идома дошта, ҳамаи ғолибон дар рӯзи охири он бо мукофоти гуногуни раёсати донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд.

Д. НАСРИДДИНОВ, Д. БОБОМУРАТОВ,

ташкилотчиёни озмуни “Канӣ писарон!”

Search