МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ҶАМОАТИ ПОРШИНЕВ

16 феврали соли равон вохӯрии гурӯҳи корӣ – таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо роҳбарият ва омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии мактабҳои ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуқӯъ пайваст.

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати декани факултети илмҳои табиӣ Булбулназар Имомназаров, профессори факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ Элбон Ҳоҷибеков нахуст дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) № 10 ба номи Шоҳрух Шогунбеков бо директори он Мавҷуда Занҷирбекова ва хатмкунандагони муассисаи таълимӣ суҳбату вохӯрӣ намуданд.

Қайд шуд, ки аксарияти толибилмони ҷамоат ба омӯзиши фанҳои дақиқ майлу рағбат дошта, мехоҳанд, ки тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин муассисаҳои олии таълимии кишварро интихоб намоянд.

Инчунин, аъзоёни гурӯҳи корӣ дар МТМУ № 11 ба номи аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов ва муассисаи таълимии № 12 ба номи Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бо директорони макотиб Бунафша Давлатназарова, Парвингул Элчибекова ва хатмкунандагон перомуни шароит, имкониятҳои таҳсилу бозомӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ мулоқоти озоду самимӣ доштанд.

Бояд гуфт, ки ҳайати гурӯҳи корӣ – таблиғотиро инчунин мудири Шуъбаи маориф ва илми ноҳия Мавлуда Бойназарзода ба ҳузур пазируфта, сипас аъзоёни гурӯҳ ба дигар макотиби ҷамоат сафарбар шуданд.

Search