Артиши миллӣ - ҳомӣ ва пушту паноҳи давлат

Дар ҳамин мавзӯъ имрӯз, 17 феврали соли 2021, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физикаю математика Гулзорхон Юсуфзода дарси кушоди соати сарпарастӣ доир гардид.

Мазмуну мӯҳтавои мавзӯъро барои муҳассилини факултет саромӯзгор Фирӯза Зоолшоева расонида, қайд кард, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва садоқат ба Ватан рисолати аҳли маориф ва илму дигар табақаҳои ҷомеа буда, наслҳои ояндасоз тавре бояд ба камол расанд, то дар рушду пешрафт, субот ва ягонагии давлату миллат ҳамаи талошҳоро ба харҷ диҳанд.

Дар интиҳо ректори донишгоҳ Г. Юсуфзода ба ташаббускорони дарси кушод ва донишҷӯёни фаъол изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид кард, ки муҳассилину омӯзгоронро мебояд, ки ба озмунҳои ҷумҳуриявию донишгоҳии дарпешистода омодагии ҷиддӣ дида, шарафи ин боргоҳи илму маърифатро боз ҳам болотар бардоранд.

Факултети филологияи тоҷики ДДХ

Search