Идомаи силсилавохӯриҳо дар макотиб

РӮШОН, 16. 02. 2021. /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ – таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Таҳмина Содатқадамова дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 – и деҳаи Вознавди ноҳияи Рӯшон сурат гирифт.

Дар аснои вохӯрӣ бо толибилмони синфҳои болоӣ зикр гардид, ки ҳоло дар Вознавд ҳафт нафар, деҳаҳои Шидз – ҳашт нафар, Вамд – шаш нафар, Дерушон – 13, Барушон – 20 ва Дерзуд – 34 нафарӣ хатмкунанда хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистону берун аз онро доранд.

Дар МТМУ № 7 – и ноҳия мулоқоти гурӯҳи корӣ бо директори мактаб Арамбегим Ҷаъфариева ва омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ гузашта, дар ҷараёни он маълумоти муфассал оид ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ пешкаши аҳли муассисаи таълимӣ шуд.

Чунин вохӯрӣ бо 34 нафар хатмкунандаи МТМУ № 7 – и ноҳия ҳам ба вукӯъ пайваст.

Search