Таҳлил намудани матни “The Escape”-и нависандаи машҳури англис В. С. Моем

ХОРУҒ, 16. 02. 2021. /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Дар ҳамин мавзӯъ чанде пеш дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физикаю математика Гулзорхон Юсуфзода аз фанни “Шарҳи матн” дарси кушод доир гардид.

Дарси кушодро муаллимаи калони кафедраи филологияи англис Мамадрайонова Бахтибегим бо ҳадафи рушди маҳорати гуфтору таҳлили матн дар доираи мавзӯи адабӣ, ғанӣ гардондани фонди луғавӣ, инкишофи грамматикии забон дар асоси асарҳои бадеӣ ва шинос шудан бо адабиёти хориҷа гузаронид.

Дар рафти дарс зикр гардид, ки дар мавриди забономӯзӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам бараъло нигоштаанд: “Эҳтироми забони модарӣ ва амиқ омӯхтани он, инчунин омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҷумлаи равандҳое, ки бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошанд”.

Бинобар ин, баланд бардоштани сатҳи дониши забондонии забони англисӣ талаботи замон ва давлат буда, муаллимони кафедраи филологияи англис ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои нав ба нави ноил гардидан ба ҳадафҳои болозикр саъю кӯшиш мекунанд.

Дарси кушод намунае аз дарсҳои кушоди кафедраи филологияи англис ба ҳисоб рафта, тибқи ҷадвали тасдиқкардашуда аз оғози соли таҳсил гузаронда мешавад.  Инчунин дар дарси зикргардида аъзоёни раёсати донишгоҳ ва садорати факултет иштирок намуда, он бо  баҳои баланд  баҳогузорӣ карда шуд. Мақсади дарс аз тарафи муаллима пурра пешниҳод гардида, мустаҳкамкунии дарс тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт.

Мудири кафедраи филологияи англис н.и.ф., дотсент Раҷаббеков М.

Search