Гурӯҳи тарғиботӣ дар ноҳияи Шуғнон

ШУҒНОН, 16. 02. 2021. /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Аз дувоздаҳ то сездаҳуми феврали соли равон гурӯҳи корӣ – тарғиботии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар ҳайати устодони донишгоҳ Дилдорбек Вафобеков, Марамбек Мавлоназаров ва Абдул Лутфишоев ба ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд.

Нахуст гурӯҳи таблиғотиро дар мактаби № 36 деҳаи Шитами ҷамоати болозикр директори мактаб Фарайдоншо Мазабшоев пешвоз гирифт.

Зимни сӯҳбат бо хонандагони синфҳои болоӣ зикр гардид, ки имрӯз шароити таҳсилу бозомӯзӣ дар муассисаҳои олии таълимии кишвар ва берун аз он беҳтару хубтар ба роҳ монда шуда, барои дохил шудан ба онҳо довталабони ояндаро мебояд, то омодагии хуб бинанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар махсус зикр намуданд, ки «Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад». Бинобар ин, хатмкунандагонро лозим аст, ки дар оянда ихтисоси мувофиқро интихоб намуда, ба халқу Ватани хеш хизмат намоянд.

Бояд гуфт, ки гурӯҳи корӣ инчунин вобаста ба имкониятҳои муосири таълимӣ дар донишгоҳ, хобгоҳҳои донишҷӯён ва интихоби дурусти касбият бо толибилмони мактаби мазкур, макотиби № 41 ва 38 ҷамоати Вер мулоқот карда, баъдан маводҳои ташвиқотӣ дастраси хонандагони синфҳои болоӣ шуданд.

Search