Мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Рӯшон

15 феврали соли равон гурӯҳи корӣ - таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарбар шуд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев ва муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамоваро нахуст мудири Шуъбаи маориф ва илми ноҳия Худоназар Нурҳаётов ва директори Мактаб - интернати ҷумҳуриявии ноҳия Бахтовар Давлатқадамов қабул намуда, сипас мулоқот бо толибилмони синфҳои болоии мактаб - интернат сурат гирифт.

Дар аснои вохӯрӣ зикр гардид, ки роҳбарият, теъдоди зиёди омӯзгорони мактаб - интернат худ дастпарварони Донишгоҳи давлатии Хоруғ буда, ҳоло дар таълиму тарбияи мактаббачагон ва насли навраси ноҳия ҳиссаи сазовор доранд.

Ба таъкиди профессор Назрӣ Офаридаев Донишгоҳи давлатии Хоруғ дорои ҳама гуна шароиту имкониятҳои муосир буда, ба ҳолати имрӯза ҳашт факултет ва зиёда аз 53 ихтисос дорад.

Қайд шуд, ки дар мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ 27 нафар хатмкунанда мебошанд ва қариб ҳамаи онҳо мехоҳанд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Инчунин, гурӯҳи корӣ - таблиғотии донишгоҳ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 - и ноҳия бо директори мактаб Ҳалима Бердибекова ва 18 нафар хатмкунандагони он вохӯрӣ намуда, атрофи таҳсилу бозомӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудан ба муассисаҳои олии таълимии кишвар суҳбату мулоқот карданд. Дар фарҷом маводҳои тарғиботӣ оид ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба муаллимону толибилмони синфҳои болоӣ дода шуд.

Search