Устодони ДДХ соҳиби сертификат шуданд

Чанде пеш ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, доктори илмҳои физикаю математика Гулзорхон Юсуфзода ба 40 нафар устодону кормандони донишгоҳ, ки чанде пеш аз курси такмили ихтисоси даҳрӯзаи омӯзиши технологияи информатсионии донишгоҳ гузаштанд, сертификатҳо тақдим намуд.

Дар ибтидо зикр гардид, ки омӯзгорону кормандон тибқи нақшаи кории донишгоҳ шурӯъ аз 14 то 25 январи соли равон аз курси таълимии салоҳиятнокӣ гузашта, нозукиҳои технологияи информатсиониро ба қадри зарурӣ аз худ намуданд.

Ба таъкиди профессор Гулзорхон Юсуфзода раёсати донишгоҳ минбаъд низ омода аст, ки дар заминаи ташкилу баргузории курсҳои бозомӯзӣ, аз ҷумла амиқан аз худ намудани забонҳои русию англисӣ тадбирҳои заруриро татбиқ намояд.

 Аз ин рӯ, омӯзгорону кормандони донишгоҳро ҳам лозим аст, ки чунин иқдому ташаббусҳоро ҷиддӣ қабул намуда, баҳри баланд бадоштани сифати таълиму тарбия ва дар умум нуфузи донишгоҳ ҳамаи талошҳоро ба кор баранд.

Search