Таҳлили лингвистии вожаҳо дар фарҳанги “Чароғи ҳидоят” – и Сироҷуддини Алихони Орзу

Зери ҳамин мавзӯъ дар кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо иштироки роҳбарият ва омӯзгорони факултети филологияи тоҷик семинари илмӣ баргузор гардид.

Ташкилкунандаи семинар мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Муслима Броимшоева иброз намуд, ки ҳадафи гузаронидани семинар ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додани мавзӯъ аз он иборат аст, ки калимаҳои таҳлилшуда то ҳанӯз дар забонҳои гурӯҳи эронӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ ва забонҳои помирӣ аз истеъмол набаромада мавриди корбурд қарор ёфтанд, ё худ ба тағйироти овозӣ дучор гардиданд.

Хулоса, омӯзиши вожаҳо барои тадқиқоти минбаъдаи луғатшиносӣ кӯмак хоҳанд расонд. Дар охир байни устодон баҳси илмӣ ба вуқӯъ пайваст

Search