Конференсияи ҳисоботии ҲХДТ дар ВМКБ доир гашт

Дувоздаҳуми феврали соли равон дар шаҳри Хоруғ конференсияи навбатии ҳисоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ва аъзоёни ҳизб баргузор гардид.

Дар кори конференсия нахуст раиси ҲХДТ дар ВМКБ Рустам Фелалиев баромад карда, иброз намуд, ки соли 2020 новобаста аз паҳншавии пандемияи умумиҷаҳонии Covid – 19 аъзоёни ҳизб фаъолияти ҳамешагиро ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва интихоби аъзоёни ҳизб аз ҳисоби намояндагони касбу кори гуногуни вилоят як қатор корҳоро ба сомон расониданд.

Мавриди қайд аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ ҳамчун пешоҳангу тарғибгари дастовардҳои давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору аъмол ва фаъолияти хеш қарор додааст.

Боиси фараҳу ифтихор аст, ки дар ҳудуди вилоят аз нисф зиёди аъзоён, ҷавонони аз 18 то 30 соларо ташкил медиҳанд. Инчунин дар рафти музокира зикр гардид, ки то хол кору фаъолияти ҳизб дар ҳудуди вилоят қаноатбахш мебошад.

Намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Имомназар Хуҷаназар таъкид намуд, ки ба сифати намоянда ва аъзои ҲХДТ фаъолият кардан мояи ифтихору сарбаландӣ аст ва барои ин, аъзоёни онро мебояд, то аз ҳарвақта бештар талошҳои ҷиддиро ба кор баранд.

Дар фарҷом нақшаи чорабиниҳои ҳизб дар вилоят барои соли 2021, ки аз 40 банд бо фарогирии ҳамаи табақаҳом ҷомеа омода шуда буд, тасдиқ гардид.

Дидоршоҳ НАСРИДДИНОВ, мудири Шуъбаи

кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Search