Гурӯҳи кории ДДХ дар ноҳияи Ванҷ

ВАНҶ, 12. 02. 2021. /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Аз дуюм то шашуми феврали соли 2021 гурӯҳи корӣ дар ҳайати устодони донишгоҳ, Қамбаров Ниёзалӣ - муовини ректор оид ба тарбия, Мирзоашрапов Пайрав - мудири кафедраи таърихи умумӣ ва Додов Ш. - ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ баҳри тарғиби донишандӯзӣ ва ҷалби довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ ба ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд.

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 17, ҷамоати Маҳмадулло Абдуллоев ҳини сӯҳбат бо толибилмони синфҳои болоӣ маълум гардид, ки аксарияти онҳо ба таҳсилу бозомӯзӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ рағбат дошта, дар оянда мехоҳанд ҳамчун мутахассисони варзида соҳиби кору шуғл шаванд.

Дар ин маврид аъзоёни гурӯҳи корӣ хонандагонро бо шароити таҳсилу донишандӯзӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хоруғ шинос намуда, маълумоти муфассал ва дигар маводҳои тарғиботӣ ҷиҳати интихоби дурусти ихтисосу донишгоҳ ба онҳо тақсим намуданд.

Ҳамин гуна, гурӯҳи кории ДДХ дар мактабҳои рақамҳои 5, 4, 16, 36, 15, 13, 12, 1, 11,  40,  41, 6, 23, 7 ва 22 тарғиботро бар роҳ монда, бо роҳбарияту муаллимон ва толибилмони мактабҳо аз наздик вохӯрӣ карданд.

Search