Гурӯҳи таблиғотии ДДХ дар ноҳияи Ишкошим

ИШКОШИМ, 11. 02. 2021. /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Ёздаҳуми феврали соли равон гурӯҳи таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад бо як самимияту дилгармии хос ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот бо раиси ноҳия маълум гардид, ки теъдоди зиёди сокинон, масъулину кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, идораву муассисаҳои маҳаллӣ, мактабу таълимгоҳҳои ноҳия дастпарварони муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хоруғ буда, дар рушду пешрафти ноҳия ва умуман ҷумҳуриву Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саҳми арзанда доранд.

Раиси ноҳия миннатдории самии хешро барои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, доктори илмҳои физикаю математика Гулзорхон Юсуфзода ва устодону омӯзгорон ҷиҳати ба камол расонидани кадрҳои соҳибихтисос, дастгирии ҳамешагии донишҷӯён ва таълиму тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ баён намуд.

Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии Намадгути боло

Субҳи барвақти рӯзи ёздаҳуми феврал гурӯҳи таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар мавзеи Намадгути болои ҷамоати Рустамбек Юсуфбеков бо роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 мулоқот анҷом доданд.

Директори муассисаи таълимӣ Толибшоев Ҷамшед қайд намуд, ки толибилмон алакай аз ҳозир барои қабул шудан ба муассисаҳои таълимии кишвар ва берун аз он омодагии ҷиддӣ дида, дар оянда мехоҳанд беҳтарин донишҷӯён шаванд.

Аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ ва устодони донишгоҳ Ширинбек Некқадамов ва Зафар Балхов хонандагонро бо шароити таҳсилу бозомӯзӣ дар ДДХ ва имкониятҳои нави омӯзиш дар он аз наздик шинос намуданд. Сипас нашри махсуси рӯзномаи "Фурӯғи Маърифат" ва дигар маводҳои таблиғотӣ вобаста ба имкониятҳои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси хонандагон шуд.

 

Сӯҳбату вохӯрӣ бо толибилмони Намадгути поён

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим ва ҷалби довталабон тариқи Маркази тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо дар мавзеи Намадгути поёни ҷамоати Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим бо роҳбарият ва муаллимону омӯзгорони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 вохӯрӣ намуданд.

Директори муассисаи таълимӣ Шодавронов Муҳиддин, ки худ даспарвари Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошад, аз толибилмон даъват ба амал овард, ки дар оянда беҳтарин муассисаи таълимиву ихтисоси мувофиқ интихоб намоянд, то мутахассиси воқеӣ шуда, барои халқу Ватан содиқона хизмат кунанд.

Силсиламулоқотҳо дар муассисаҳои ҷамоати Рустамбек Юсуфбеков

Тавре иттилоъ дода будем, бо ҳадафи ҷалби хонандагон ба таҳсилу омӯзиш ва интихоби муассисаҳои олии таълимӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар ноҳияи Ишкошим сӯҳбату вохӯриҳои судмандро анҷом дод.

Ҳамин тавр, мулоқот бо директорону омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 19 ва 20, деҳаҳои Дашту Рен сурат гирифт.

Директорони муассисаҳои таълимӣ Зулфия Мирзоева ва Муллоева П. изҳор намуданд, ки толибилмони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ ва дигар озмунҳои ҷумҳуриявию ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат дошта, натиҷаҳои хубро сазовор шудаанду дар оянда мехоҳанд беҳтарин муассисаи олии таълимиро интихоб кунанд.

Дар ин росто аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ, устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ Ширинбек Некқадамов, Зафар Балхов ва муҳаррири рӯзномаи "Фурӯғи Маърифат" толибилмони синфҳои болоиро бо шароити таҳсил дар ДДХ ва дигар имкониятҳои бозомӯзӣ дар он аз наздик шинос намуданд. Баъдан лавозимоти тарғиботӣ баҳри интихоби муассисаи олии таълимӣ дастраси муҳассилин шуд.

Мулоқот дар МТМУ № 21, 23, 24 ва 44

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 - и маркази ноҳияи Ишкошим гурӯҳи таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро директори мактаб Паҳлавоншанбиев Содатқадамова бо як дилгармии самимӣ истиқбол намуд.

Дар ҷараёни суҳбат бо хонандагони синфҳои болоӣ зикр гардид, ки довталабони оянда бояд дар доираи имконияту шароити хеш пешаи мувофиқ ва муассисаҳои хуби олии таълимиро интихоб карда, даспарвари арзандаи ҳар донишгоҳ шаванд, то дар пешрафти гулгулшикуфии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳиссаи сазовор гузоранд.

Мавриди зикр аст, ки гурӯҳи таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ инчунин бо муаллимону хонандагони МТМУ № 44, деҳаи Яхшол ва директори муассиса Наргис Хушқадамова сӯҳбату вохӯрӣ намуда, чунин мулоқот дар деҳаи Мулвоҷ ва мактабҳои № 23 ва 24 низ сурат гирифт.

Директорони муассисаҳои номбурда Туғоншоев Хушбахтшо ва Шермамадова Назира дар баробари аъзоёни гурӯҳи таблиғотии донишгоҳ хонандагонро ба таҳсилу донишандӯзии бештар даъват намуда, хоҳони он шуданд, ки шогирдонашон дар оянда пешсафони муассисаҳои олии таълимии кишвар хоҳанд шуд. Сипас маводҳои тарғиботӣ оид ба шароити таҳсил дар ДДХ, имкониятҳои он ва маълумоти умумӣ дар бораи донишгоҳ дастраси муаллимону хонандагон гардид.

Search