Даври навбатии семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Тарзи нигориши ҳуҷҷатҳои коргузорӣ ва риояи қоидаҳои забон»

Нимаи дуюми рӯзи нӯҳуми феврали соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев даври навбатии семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Тарзи нигориши ҳуҷҷатҳои коргузорӣ ва риояи қоидаҳои забон» бо иштироки масъулини Раёсати кадрҳои донишгоҳ, устодону коргузорони факултетҳои математикаю забонҳои хориҷӣ ва илмҳои табиию педагогӣ гузашт.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев дар рафти баргузории семинар иброз намуд, ки ҳангоми омодасозии мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, китобу васоити таълим ва ҳуҷҷатгузорӣ бо забони тоҷикӣ набояд ба хатогиҳои имлоӣ роҳ дод.

Дар ин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид карда буданд, ки «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем.

Хотирнишон месозам, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад».

Ёдовар мешавем, ки семинари омӯзишӣ дар асоси супориши ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физикаю математика Гулзорхон Юсуфзода бо ҳадафи риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар низоми кору таҳсил, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ тариқи забони давлатӣ дар ҳамаи сохторҳои донишгоҳ ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ рӯи кор омад.

«Фурӯғи Маърифат»

Search