Тарзи нигориши ҳуҷҷатҳои коргузорӣ ва риояи қоидаҳои забон

Таҳти ҳамин унвон дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки устодону коргузорони факултетҳои биология, иқтисод ва филологияи тоҷику таърих ва ҳуқуқ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинар дар асоси супориши ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физикаю математика Гулзорхон Юсуфзода бо ҳадафи риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар низоми кору таҳсил, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ тариқи забони давлатӣ дар ҳамаи сохторҳои донишгоҳ ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ миёни омӯзгорону кормандони ДДХ буда, он то рӯзи 9 феврали соли 2021 давом мекунад.

Семинарро доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев барои ҳозирин гузаронда, дар ифтитоҳи он муовини ректор оид ба таълим Мамадризо Алимшоев ширкат намуд.

Зикр гардид, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ пеш аз ҳама аҳли зиё, маориф, илму адаб ва фарҳангро зарур аст, то ба беаҳмиятӣ роҳ надода, ҳамаи қонуну қоидаҳои имлои забонро бечуну чаро иҷро намоянд.

Search