ДДХ: Зиёда аз 110 нафар аъзои ИҶТ шуданд

ХОРУҒ, 03. 02. 2021. /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Бо ибтикори Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ҷаласаи навбатии ҷавонони донишгоҳ баргузор гашт.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа оид ба тасдиқи нақшаҳо барои соли 2021 масъулини созмонҳои ҷавонони факултетҳо ахборот дода, нақшаҳои нав барои соли равон қабул гардиданд.

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири шуъба таъкид намуд, ки охири моҳи феврали соли 2021 бо иқдоми шуъба баргузории озмуни «Ҳафтаи хобгоҳ» дар назар аст ва донишҷӯёнро зарур аст, то бо омодагии комил ба он ҳозир шаванд.

Аз рӯи масъалаи дуюм, оид ба аъзошавии устодону донишҷӯён ба Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) муовини мудири шуъба Латипов Шаҳзод гузориш дода, зикр намуд, ки ҳоло зиёда аз 110 нафар ба аъзогии иттифоқ шомил шуда, аъзошавӣ ба ИҶТ бомаром идома дорад.

Қайд гардид, ки ҷиҳати хуб ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории созмонҳои ҷавонони факултетҳо бо дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода таҷҳизоти нави компютерӣ ҷудо гардида, масъулини созмонҳоро лозим аст, то аз он мақсаднок истифода баранд.

 Дар охир вобаста ба масъалаҳои асосӣ аз тарафи мудири шуъба ба иштироккунандагон супоришҳои иловагӣ дода шуда, масъалаи ҷорӣ қабул гардид.

Search