Семинари доимамалкунандаи илмӣ – методӣ дар кафедраи филологияи англис

ХОРУҒ, 01. 02. 2021. /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Якуми феврали соли равон дар кафедраи филологияи англис дар мавзӯи «Методи дарсгузаронӣ барои мавзӯъҳои оморӣ дар мисоли «Demographic changes» семинари илмӣ - методӣ гузаронида шуд.

Дар семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова ва омӯзгорони кафедра иштирок намуда, ассистенти кафедра Манижа Нозимова мазмуну мӯҳтавои мавзӯъро ба ҳозирин фаҳмонда дод.

Зикр гардид, ки одатан дар таълими забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар баъзе мавзӯъҳои дорои маълумоти зиёди рақамӣ гузаронидани дарс аз муаллим истифодаи усулҳои махсусро тақозо мекунад.

Аз ин рӯ, семинар ба тарзи гузаронидани дарс оид ба чунин мавзӯъҳо бахшида шуда, усулҳои гуногуни пешниҳодшудаи маърӯзачӣ дар мисоли «Demographic changes» ба иштирокдорон ироа гардид.

Дар охири семинар маърӯзачӣ фикру ақидаҳои иштироккунандагонро фаҳмида, маводҳои чопиро ба онҳо тақсим намуд.

Сипас мудири кафедра Маҳбуб Раҷаббеков ба маърӯзачӣ изҳори сипос намуда, ба баромадкунандаи оянда Б. Мамадрайонова вазифаҳои нав супурд.

Search