Машварати ректорати Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Якуми феврали соли 2021 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода машварати навбатии ректорат баргузор гашт.

Дар кори машварат муовинони ректор, сардорони раёсатҳои таълиму кор бо кадрҳо, деканҳои факултет, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон ва муҳосибот иштирок намуданд.

Аз рӯи масъалаи омодагии аудитория ва лабораторияҳо барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ, таҷрибавӣ ва амалӣ дар нимсолаи дуюми соли хониши 2020 - 2021 муовини ректор оид ба рушди иқтисод ва молия Буорик Бахтиёров гузориш дод.

Зикр гардид, ки дар умум дарсхонаву лаборатория ва дигар марказҳои инноватсионӣ барои гузаронидани ҳамаи дарсҳо, машғулиятҳои назариявию амалӣ омода буда, масъулин ва муҳассилинро мебояд, то дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти аёниву зарурӣ пайваста кӯшиш намоянд. Инчунин, омӯзгорону донишҷӯёнро лозим аст, ки китобҳои гуногунро пас аз мутолиа саривақт ба китобхонаҳои донишгоҳ супоранд.

Ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҳамаи паҳлӯҳои масъаларо мавриди таҳлил қарор дода, иловатан дастур дод, ки аҳли донишгоҳро зарур аст, ки дар синфхонаву лаборатория ва дигар утоқҳои кори барои сарфаи қувваи  барқ пайваста чораҷӯӣ карда, ҳама гуна таҷҳизотро дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доранд.

Ба таъкиди роҳбари донишгоҳ дар ояндаи наздик лаборанту диспетчерҳои факултетҳо аз аттестатсияи навбатии донишгоҳӣ гузашта, ҳамаи онҳоро мебояд, то бо омодагии ҷиддӣ ба он ҳозир шаванд.

Дар идомаи машварат муовини ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров оид ба "Иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ахборот дод.

Дар ин росто қайд гардид, ки донишҷӯёнро мебояд, то тартиботи дохилии донишгоҳро бечуну чаро иҷро карда, нисбати риояи талаботи гигиенӣ, бахусус дар замони пандемияи умумиҷаҳонӣ ва инчунин пӯшидани либоси тавсиявӣ ба беаҳамиятӣ роҳ надиҳанд.

Дар робита бо ин, раиси машварати ректорат Г. Юсуфзода ҳамаи деканҳоро вазифадор намуд, ки ҳамарӯза пеш аз оғози дарсҳо навбатдориро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҳамзамон риояи талаботи гигиенӣ ва иҷрои дигар супоришҳоро таҳти назорати қатъӣ гиранд.

Аз рӯи масъалаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати амалӣ намудани ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор дар солҳои 2018 - 2028" муовини ректор оид илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова гузориш дод.

Зикр шуд, дар доираи ин ташаббуси бевоситаи ҷаҳонии кишвар дар сатҳи донишгоҳ ва факултету кафедраҳои он давоми сол як қатор чорабиниҳои назариявию амалӣ мавриди корбурд қарор гирифта, баргузории силсилаконференсияҳои илмӣ - амалӣ, аксияҳо ва татбиқи дигар нақшаи чорабиниҳо дар ин самт ҳанӯз дар пеш аст.

Дар ин бобат роҳбари донишгоҳ баҳри сифатнок, бонатиҷаю бенуқсон гузаронидани ҳамаи чорабиниҳои минбаъда аз масъулин ҷиддият тақозо намуда, таъкид кард, ки муҳиммияти масъалаи обро ҳамаи устодону донишҷӯён бояд ба таври равшану возеҳ дарк намоянд. Аз ин рӯ, пиёда кардани тадбирҳои иловагӣ дар ин ҷода ба ҳадаф мувофиқ аст.

Дар охири машварат доктори илмҳои физикаю математика Г. Юсуфзода аз иштирокдорон махсус даъват ба амал овард, ки дар иттиҳоду ҳамбастагӣ кору фаъолиятро пеш бурда, дар пешравии донишгоҳ, хосса омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявию олимпиадаҳои фаннӣ ҳамаҷониба омодагӣ бинанд. Инчунин, масъалаи пардохти ҳаққи таҳсил аз тарафи муҳассилин ба таври васеъ муҳокима шуда, баъди баррасии масъалаи ҷорӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

"Фурӯғи Маърифат"

Search