Ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ

29 январи соли 2021 таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев баргузор гашт.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа шӯро ба кори худ оғоз кард. Оид ба натиҷаи даври фаъоли сессияи зимистонаи соли хониши 2020 – 2021 ахбороти сардори шуъбаи банақшагирии низоми таҳсилоти кредитӣ З. Искандаршоева шунида шуд.

Тавре зикр гардид, дар умум азхудкунии фанҳо дар давраи аввали соли таҳсили 2020 – 2021 78, 8 фисадро ташкил дода, дар сессияи зимистонаи соли гузашта бошад бодарназардошти натиҷаи гурӯҳҳои бакалавру магистр азхудкунӣ 73, 8 фоиз арзёбӣ мешавад. Яъне ин теъдод бармеояд, ки азхудкунӣ дар қиёс бо сессияи зимистонаи соли гузашта 5 фоиз зиёд гашта, ин шумора ҳанӯз ҳам болоравӣ мехоҳад.

Раиси Шӯро, профессор Гулзорхон Юсуфзода масъулини шуъба ва деканҳои факултеҳоро вазифадор намуд, ки пеш аз ҳама сабабу омилҳои воқеӣ барои пурра азхудкунии фанҳоро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар кори ҷаласа вобаста ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ" ҷонишини раиси комиссияи татбиқи Қонуни забон, профессор Н. Офаридаев маълумот пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» махсус таъкид намуданд, ки «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем. Хотирнишон месозам, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад».

Ба иттилои профессор Н. Офаридаев ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, татбиқи қоидаҳои имлои он дар низоми ҳуҷҷатгузории ҳамаи сохторҳои донишгоҳӣ ва дигар чорабиниҳои марбут, масъала ҳанӯз ҳам беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад.

Ректори донишгоҳ зимни таҳлили вазъи забономӯзӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва татбиқи воқеъбинонаи он таъкид кард, ки ҷиҳати ба як низоми муайян даровардани усули корӣ дар сатҳи донишгоҳ, боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи забони давлатӣ аҳли донишгоҳро зарур аст, то дар асоси қонуну санадҳо, барномаҳои соҳавӣ, имлои забони давлатӣ ва дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвару Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Дар идомаи ҷаласаи Шӯрои олимон оид ба вазъи сифати таълиму тарбия ва ҳуҷҷатнигорӣ дар факултетҳои математикаю биология раиси комиссияи санҷишӣ Д. Вафобеков гузориш дод.

Вобаста ба ин, супориш дода шуд, ки дар доираи паёми навбатии ироагарида ва ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимон, муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида мешаваду масъулини факултетҳоро лозим аст, то дар ин росто беҳтарин иштирокчиёнро ҳарчи тезтар омода кунанд.

Инчунин, бо мақсади таъмини иштирокчиёни арзандаву фаъол аз ҳисоби муҳассилин, омӯзгорон ва ҷавонони донишгоҳ барои озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», озмуни донишгоҳии «Факултети сол» ва олимпиадаҳои гуногун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, деканҳои факултетро  лозим аст, то чораҳои амалиро ба кор баранд.

Дар фарҷом Раиси Шӯро, профессор Гулзорхон Юсуфзода аъзоёни шӯроро вазифадор кард, ки бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҳуҷҷатнигорӣ дар факултетҳо, бартараф намудани камбудиву норасоиҳо комиссияи босалоҳиятро таъсис дода, аз натиҷаи ҳамаи корҳои анҷомдода ба роҳбарияти донишгоҳ ҳисобот диҳанд. Ҳамин тавр, бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ ба анҷом расид.

«Фурӯғи Маърифат»

Search