Сада – ҷашни гармию нур

Зери ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода ва олимону донишҷӯён конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гашт.

Нахуст Н. Амирбекзода ҳозиринро аз номи муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгор Файзов ба ифтихори ҷашн табрику таҳният намуда қайд кард, ки Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол аз нигоҳи ниёгонамон қисме аз маросиму дигаргуниҳои воқеии зиндагии инсон ва табиат аст.

- Умуман, ҷашнҳои Садаву Меҳргон, Тиргон ва соир идҳои миллии аҷдодӣ бароямон дар ҳақиқат гиромӣ буда, аз файзу баракати онҳо соҳаи кишоварзӣ аз ҳарвақта бештар рушд хоҳад кард.

Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр карданд, ки “ Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст. Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем”.

Дар марҳилаи эъмори давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳанг, анъанаву ҷашнҳои миллӣ рукни асосии пойдории соҳибистиқлолӣ мебошанд. Маҳз бо ин мақсад сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба эҳё гаштани фарҳанги бостонии халқи тоҷик равона шудааст, - иброз намуд,-  муовини раиси вилоят.

Муовини ректори оид ба илм ва инноватсияии ДДХ Таҳмина Содатқадамова зикр кард, ки Сада ҷузъи таркибии тамаддуни ҳазорсолаи миллат буда, бевосита халқи моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Он дар миёни ҷашнҳои сегонаи болозикр мақому манзалати хосса дошта, ифодагари  гардиши  табиат, оғози васеъшавии ҳаракати офтоб, пирӯзии равшанӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва гармӣ бар сардӣ аст.

“Истиқлолият барои боз ҳам густаришу равнақ ёфтани давлати миллӣ имкониятҳои бештареро фароҳам овард. Маҳз дар ин даврон урфу одат, анъанаҳои миллии тоҷикон аз нав зинд ашуданд ва Сада худ яке аз онҳост” – афзуд Т. Содатқадамова.

Дар чорабинии илмӣ инчунин, директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Баҳодур Искандаров, доктори илмҳои филология Ҳокими Қаландариён перомуни таърихи таҷлили Сада маълумоти муфассал пешниҳод карда, сипас аз тарафи дигар олимон маърӯзаҳои илмӣ оид ба “Сада дар сарчашмаҳои таърихӣ”, “Сада - ҷашни ниёгон”, “Инъикоси Сада дар асотир ва ривоятҳои мардумӣ” ироа шуданд.

Манбаъ: javonon.tj

Search