Тамошои аҳлонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Тамошои аҳлонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Имрӯз, 25 январи соли 2021, бо ширкати фаъолонаи устодону кормандон, донишҷӯёну ҷавонон дар  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев тамошои аҳлонаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гашт.

Аҳли донишгоҳ чун ҳарвақта Паёми навбатиро бесаброна интизор шуда, аз ироа гардидани он рӯҳу илҳоми нав гирифтанд. Азҷумла, ташаббусҳои олии Сарвари давлат бо ҳадафи боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим, ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон, устодону омӯзгорон ва тақвияту татбиқи «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ва дигар иқдомҳои дар Паём таъкидгардида аз ҷониби ҳозирини донишгоҳ бо самимияти хос пазируфта шуданд.

Мо аминем, ки ҳамасола баргузор намудани озмуни нави ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» як такони ҷиддиву воқеӣ дар пешрафти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, минбаъд дар таҳкими омодагии кадрҳои баландихтисос ҳам мусоидат менамояд.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Аз ин рӯ, барои ҳамаи мо лозим аст, ки аз ҳарвақта бештар атрофи Сарвари давлат сарҷамъу созанда бошем ва ҳамаи дастуру супоришҳои дар Паём ироагардидаро сармашқи ҳаёти хеш қарор диҳем.

“Фурӯғи Маърифат”

Search