Қадрдонӣ аз устодони ДДХ

ХОРУҒ, 22. 01. 2021 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Чанде қабл муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғро дар вазъи тантанавӣ бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ намуд.

Азҷумла, устоди кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Ҷаббор Хуҷаназаров, муовини декани факултети математика Шаҳноза Шоинбекова ва сардори раёсати таълими донишгоҳ Зафар Холдорбеков баҳри саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятиву давлатӣ ва нишон додани маҳорати баланди касбиву ташкилотчигӣ бо сипоснома мушарраф шуданд.

Аҳли донишгоҳ устодони азизу гиромиқадрро бо гирифтани сипосномаҳо табрику шодбош намуда, дар кору фаъолиятҳои минбаъда барояшон барору комёбиҳо мехоҳанд.

Search