Боздид аз гармхонаи инноватсионии донишгоҳ

ХОРУҒ, 21. 01. 2021 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Чанде пеш бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти гармхонаи инноватсионии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев муовини ректор оид ба молия ва рушди иқтисоди донишгоҳ Буорик Бахтиёров ба деҳаи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон сафарӣ корӣ анҷом дод.

Сафари навбатӣ дар асоси супориши бевоситаи ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти гармхона сурат гирифта, дар рафти он муовини ректор бо кори гармхонаву корманди он аз наздик ошноӣ пайдо намуд.

Тавре маълум гардид, гармхонаи мазкур бо ҳамаи шароиту имкониятҳои ҳозиразамон дар баландии анқариб 3600 метр аз сатҳи баҳр ва хунукии – 30 дараҷа сохта гардида, барои парвариши намудҳои гуногуни сабзавот мусоид аст.

Ҳоло дар гармхона намудҳои гуногуни бодиринг, кабудиҳои дигар аз қабили бодиёну петрушка мавҷуд буда, баҳрабардорӣ аз гармхона дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки баҳри дар сатҳи меъёрӣ фаъолият намудани гармхона, ки дар доираи Барномаи грантии “Рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикистон” ва Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талаботҳои муосири бозори меҳнат» рӯи кор омад, натанҳо ёрии илмӣ – методии устодон, балки кӯмаки амалии онҳо барои ба кор андохтани гармхона равона гашт.

Ҳадафи дигари Барномаи грантии “Рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикстон» ва лоиҳаи болозикр, ин ташкил намудани бошишгоҳи экологӣ дар деҳаи Ҷелондӣ ва самаранок ба роҳ мондани фаъолияти он мебошад.

Иншооти мазкур дар ояндаи наздик дар шафати гармхона сохта мешаваду имконияти таҷрибаомӯзии таълимиву саҳроӣ нафақат барои донишҷӯёну магистрантон ва кормандони илмии ДДХ фароҳам мегардад, инчунин дигар донишгоҳҳою пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ метавонанд аз фаъолияти он самаранок баҳра гиранд.

Search