Ҷаласаи ректорати Донишгоҳи давлатии Хоруғ

ХОРУҒ, 20. 01. 2021 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. 18 январи соли 2021 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ҷаласаи навбатии ректорати донишгоҳ доир шуд.

Дар кори ҷаласа муовинони ректор, сардорони раёсати таълиму кадрҳо, деканҳои факултет ва шуъбаҳои донишгоҳӣ иштироку баромад намуданд.

Дар робита бо нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ, аз ҷумла тарғибу ташвиқи таҳсилоти олӣ миёни довталабон ва тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти нозири бахши идоракунии сифати таҳсилоти ДДХ Д. Вафобеков шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар ин росто аз тарафи факултету сохторҳои донишгоҳӣ як қатор тадбирҳои амалӣ андешида шуда, ҷиҳати бомаром ба роҳ мондани онҳо корҳои иловагӣ пиёда мегарданд.

Ректори донишгоҳ Г. А. Юсуфзода зимни таҳлили амиқи фаъолияти бахши идоракунии сифати таҳсилот ба муовинони ректор ва нозири бахш супориш дод, ки назорати саривақтӣ аз болои татбиқи нақшаи чорабиниҳо бояд пурзӯртар шавад.

Аз рӯи масъалаи дуюм, баррасии ҳисоботи роҳбарони илмии магистрантҳо ва докторантҳо аз рӯи ихтисоси Phd, вазъи натиҷаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, иҷроиши рисолаҳои хатм ва баррасиву пешниҳоди мақолаҳои илмӣ мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ, номзади илмҳои филологӣ, Р. Шофақирова маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар ин маврид, деканҳо, зертобеъони факултаҳо ва шуъбаи болозикр вазифадор гардиданд, ки ахбороти магистранту докторантҳоро дар ҷаласаи кафедраҳо мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода, назоратро аз болои иҷроиши нақшаҳои инфиродӣ пурзӯр кунанд.

Бар замми ин, садорати факултетҳо вазифадор шуданд, ки масъалаи саривақт ба муҳокима ва ҳимоя пешниҳод намудани рисолаҳои магистриву  докториро дар асоси ҷадвали тасдиқгардида зери назорати қатъӣ гиранд.

Ректори донишгоҳ аз масъулини факултетҳо даъват ба амал овард, ки бо ҳадафи беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати таҳсил дар донишгоҳ соли равон озмуни «Факултети сол» баргузор мегардад.

Устодону муҳассилини донишгоҳро зарур аст, ки дар «Факултети сол» ва дигар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ ва донишгоҳӣ бо омодагии комил ҳозир шаванд.

Инчунин, дар ҷаласа муовини ректор оид бар рушди иқтисод ва молия Б. Бахтиёров, сардори раёсати таълим З. Холдорбеков перомуни пардохти ҳаққи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ, тасдиқ намудани нақшаи гузаронидани таҷрибаомӯзӣ дар зинаҳои бакалавр ва магистратура дар нимсолаи дуюми 2020 – 2021 ахборот дода, сипас як қатор қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

«Фурӯғи Маърифат»

Search