Оғози семинари амалӣ – омӯзишӣ дар Донишгоҳ

ХОРУҒ, 14. 01. 2021 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисону омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев семинари амалӣ - омӯзишӣ оғоз гардид.

Семинарро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова ҳусни оғоз бахшида иброз намуд, ки он дар асоси Барномаи курси даҳрўзаи омўзиши технологияи информатсионӣ барои мутахассисону омӯзгорони муассисаҳои таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши бевоситаи ректори донишгоҳ, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ рӯи кор омадааст.

Ҳадафи гузаронидани семинар - баланд бардоштани маҳорати касбӣ, рушди фарҳанги техникӣ ва такмил додани донишу истифода аз технологияи муосири таълим, усулҳои нави инноватсионии таълим, масъалаҳои муҳими афгори нави техникӣ ва ғояҳои асосии омўзиши фарҳангӣ - техникӣ мебошад.

Семинари амалӣ – омӯзишӣ то 23 январи соли 2021 давом карда, инчунин, мутахассисони технологияи иттилоотии донишгоҳ метавононанд барномаи мазкурро дар вақти муайяншуда бо мусоидати роҳбарияти муассиса давоми даҳ рўз (4 соат) аз рўи Нақшаи тақвимии омўзиши омўзгорону кормандони муассисаи таълимӣ ташкил намоянд. Нақшаи болозикр раванди таълимро дар курсҳои омӯзишии семинар муайян карда, фаъолияти таълимии онро мувофиқи мақсад ба роҳ мемонад.

Search