Семинари илмӣ-методии кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»

ХОРУҒ, 07. 01. 2021 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Имрӯз, ҳафтуми январи соли 2021, дар кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ дар мавзӯи “Унсурҳои муҳити омӯзиш”семинари илмӣ-методӣ баргузор гардид.

Семинар дар доираи Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” доир шуда, онро дотсенти кафедра Алихонова Сайёра барои омӯзгорони кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ гузаронд.

Инчунин, дар семинари илмӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Содатқадамова Т., декани факултети педагогӣ Қадамов Қ. мудири кафедраи илмҳои табиӣ, дотсент Шозиёев Ш. иштирок намуда, С. Алихонова доир ба масъалаи муҳити омӯзиши созгор ва унсурҳои таркибии он, ки ба дараҷаи азхудкунии дониш, малака ва маҳоратҳои хонандагон таъсири мусбат мерасонанд, маълумот пешниҳод намуд.

Бояд гуфт, ки семинар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва баҳсу мунозира сурат гирифта, дар фарҷом аз тарафи иштирокдорон фикру пешниҳодҳои судманд баён шуданд.

Search