Ҳимояи рисолаи номзадӣ муборак!

Аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев муаллими калони кафедраи таҳлили фунсионалӣ ва муодилаҳои дифференсионалӣ Ҷамшед Заргаровро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Наздиккунии беҳтарини якҷояи функсияҳои аналитикӣ ва ҳалли масъалаҳои экстремалӣ дар фазои Харди» самимона муборакбод намуда, дар кору фаъолияти минбаъда ба устоди гиромӣ барору комёбиҳои навро таманно доранд.

Боиси ифтихор аст, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати дастгирии олимони ҷавон дар самти ҳимояи рисолаҳои илмӣ зиёд буда, умед аст, ки олимону тадқиқотчиён ва унвонҷӯёни дигари донишгоҳ ҳам рисолаҳои илмии худро сарбаландона дифоъ хоҳанд кард.

Search