Баррасии масоили таҷрибаомӯзиву илмӣ дар ДДХ

ХОРУҒ, 07. 01. 2021 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Шашуми январи соли равон дар толори хониши донишгоҳ бо иштироки мудирони кафедраҳо оид ба масъалаҳои таҷрибаомӯзии магистрантон ва магистрантони курси дуввуми донишгоҳ ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Ҷаласа дар асоси барномаи кории шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ гузашта, дар он масъалаҳои таҷрибаомӯзии магистрантон, вазъи иҷроиши рисолаҳои хатм, баррасиву пешниҳоди мақолаҳои илмӣ, гузаронидани ҷаласаи пеш аз дифоъ дар кафедраҳо ва рафти имтиҳонсупорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мудири шӯъба, дотсент Р. Шофақирова зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки магистрантони курси дуввум аз таърихи 1-уми феврал ба таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ сафарбар хоҳанд шуд.

Аз ин рӯ, иҷрои дастуру талабот, шартҳои асосии гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, тарзи пур намудани рӯзномаи таҷрибаомӯзӣ, пешниҳод намудани ҳисобот, баррасии ҳисобот дар ҷаласаи васеи кафедраҳо, назорати роҳбарони илмӣ ва мудирони кафедраҳо аз рафти ҷараёни таҷрибаомӯзӣ ва рафти имтиҳонсупорӣ ҳатмиву зарур аст.

Сипас байни магистрантону мудирони кафедраҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Search