Ҷаласаи ректорати Донишгоҳи давлатии Хоруғ

ХОРУҒ, 02. 01. 2021 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Дуюми январи соли 2021 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ҷаласаи навбатии ректорати донишгоҳ баргузор гашт.

Дар кори ҷаласа муовинони ректор, сардорони раёсати таълиму кадрҳо, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраву шуъбаҳои донишгоҳӣ ва олимону устодон иштирок карданд.

Оид ба масъалаи назорат аз рафти иҷрои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ниёзалӣ Қамбаров ахборот дода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини субот, амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми мушаххас мегузорад. Баҳри мубориза бо терроризму экстремизм ҳанӯз аз солҳои қаблӣ як зумра санадҳои ҳуқуқӣ - меъёрӣ қабул шуда, мавриди корбурд қарор гирифтанд.

- Феълан дар сатҳи факултету бахшҳои донишгоҳ як қатор маҳфилу чорабиниҳои муҳим амал менамоянд, то донишҷӯён ба фаъолиятҳои шоиставу судманд ҷалб шаванд. Вале новобаста аз ин, пурзӯр кардани чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии наврасону ҷавонон аз майл пайдо кардан ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи иртиҷойӣ кори асосии ҳамаи гурӯҳҳои таблиғотӣ ва шаҳрвандони солимфикри кишвар маҳсуб меёбад, - афзуд Н. Қамбаров.

Профессор Гулзорхон Юсуфзода ахбороти муовини ректор оид ба тарбияро як – як таҳлил карда, дастур дод, ки ғайр аз корҳои анҷомдода минбаъд зарур аст, то дар донишгоҳ «Маҳфили илмии муҳаққиқону профессорон» таъсис ёбад ва дар самти иҷроиши стратегия мӯшикофона фаъолият намояд.

Вобаста ба вазъи таълим дар ихтисосҳои навташкилшудаи донишгоҳ сардори Раёсати таълим Зафар Холдорбеков ва аз рӯи масъалаи ҷамъбасти таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020 – 2021 роҳбари таҷрибаомӯзӣ С. Шогузанфаров маълумот пешниҳод карданд.

Инчунин, дар робита бо риояи қатъии тартибу интизом дар рафти фаъолияти кории донишгоҳ сардори Раёсати кадрҳо Қамбарабдол Шабдолов ва перомуни вазъи молиявии ДДХ муовини ректор оид ба рушди иқтисод ва молия Буорик Бахтиёров ахборот доданд.

Зимни таҳлили амиқи масоили болозикр ректори донишгоҳ аз масъулин даъват ба амал овард, ки натиҷаи кору фаъолиятро мушаххас ва бенуқсон ироа намуда, баҳри рафъи камбудиҳо тадбирҳои судманду воқеӣ андешанд. Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа масъалаи ҷорӣ қабул гардид.

Search