Қадрдонӣ аз ғолибону кормандони Донишгоҳ

ХОРУҒ, 31. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Имрӯз, 31 декабр, 20 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ки чанде қабл дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди волейбол ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд, бо мукофотпулии роҳбарияти донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ибтидо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ донишҷӯписарону ҷавондухтароне, ки шарафи донишгоҳро дар миёни 35 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуда, зинаҳои аввалу дуюмро ба даст оварданд, бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният кард.

Зикр гардид, ки аҳли донишгоҳ бо чунин донишҷӯён ва устодони онҳо фахр намуда, дар қадрдонии онҳо минбаъд низ аз тарафи раёсати донишгоҳ тадбирҳои зарурӣ мавриди амал қарор мегиранд.

Ёдрас мешавем, ки ҳадафи асосии мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ, рушди варзиши касбӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои болозикр ва амалигардонии «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2021» буд.

Инчунин, ректори донишгоҳ омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, дотсент Бекназар Мавлоназаров ва дигар кормандони ДДХ - ро, ки дар тарбияи муҳассилину пешравии фаъолияти донишгоҳ саҳми арзанда гузоштанд, бо тӯҳфаҳои молию маблағӣ мушарраф намуд.

Search