Паёми табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2021

Ҳамкорону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!

Баъди чанд лаҳза Соли нави мелодии 2021 фаро мерасад ва мову шумо онро бо дилҳои лабрези шодиву нишот ва умеду орзуҳои нек истиқбол хоҳем гирифт.

Ба ин муносибат аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғро аз самими қалб муборакбод гуфта, ба ҳамагон тани сиҳат, рӯзгори осуда ва зиндагии пурфайзу баракатро орзу менамоям.

Мо шукрона аз он дорем, ки соли навро дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, рӯҳияи созандагӣ ва шодмонию рӯҳбаландӣ, бо орзуву ниятҳои нек пешвоз мегирем.

Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар даврони истиқлолият таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун маркази илмӣ-маърифатӣ неруҳои зеҳнӣ-илмиро муттаҳид намуда, ба ташаккули кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат кард ва дар зарфи 28 соли фаъолияташ ба як маркази тавонои илмию таълимӣ ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ табдил ёфт.

Бо мақсади омода намудани мутахассисони касбӣ, илмӣ ва мутобиқи талаботи муосири ҷаҳонӣ Донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ илмии ватанӣ ва байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад.

Маълум аст, ки сифати таълим ба сифати кадрҳои педагогӣ, дараҷаи кордонию қобилияти эҷодкории онҳо вобастагии зич дорад. Бо камоли қаноатмандӣ метавон гуфт, ки омӯзгорони Донишгоҳ устодони ҳақиқии касби худ буда, доимо дар ҷустуҷӯи шаклу усулҳои самарабахши таълим мебошанд ва ба шогирдони худ донишҳои кофӣ дода, аз рӯи ихтисосҳои замонавӣ онҳоро чун мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ тарбия менамоянд.

Бигузор Соли нави 2021 барои ҳар хонадони аҳли донишгоҳ соли бахосият, пурмаърифат, тинҷиву амонӣ, файзу баракат ва дастовардҳои тоза гардад.

Соли наватон муборак!

Search