Ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ

ХОРУҒ, 26. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ 25 декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти раёсати муовини ректор оид ба таълим Мамадризо Алимшоев ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ гузаронида шуд.

Дар ҷаласа муовинони ректор, масъулини раёсатҳои таълиму кадрҳо, деканҳои факултету мудирони кафедраҳо ва дигар аъзоёни шӯро иштирок карданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа муовинони ректор оид ба таълим, илм ва инноватсия, иқтисод ва молия, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ перомуни фаъолияти корӣ дар соли 2020 ҳисоботи пурра пешниҳод намуда, асосан масоили рушди илм, навоварӣ, ихтироот, татбиқи бештари барномаҳои илмӣ - омӯзишӣ ва ғайраро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Дар интиҳо аъзоёни шӯро вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ қарорҳои дахлдорро қабул карданд.

Search