Гуногунии биологӣ, муҳиммияти нигаҳдории он ва истифодаи самараноки замин

ХОРУҒ, 23. 12. 2020 / Дафтари минтақавии БҶИИМК /. 22 декабри соли равон дар дафтари минтақавии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК) – и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи “Гуногунии биологӣ, муҳиммияти нигаҳдории он ва истифодаи самараноки замин” семинари омӯзишӣ баргузор гашт.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ Таҳмина Содатқадамова, декани факултети биология, профессор Акбар Мамадризохонов, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ Рушонгул Шофақирова ва магистрантону донишҷӯёни соҳаи биологияи донишгоҳ иштирок намуданд.

Семинари омӯзишӣ дар асоси нақшаи минбаъдаи БҶИИМК барои солҳои 2017 – 2022 рӯи кор омада, ҳадаф аз баргузории он рушди соҳаи кишоварзӣ, омӯзиши амиқи гуногунии биологӣ ва ба ин васила тадриҷан расидан ба истиқлолияти ғизоӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар пешбурди чунин ҳамкориҳо олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хоруғ минбаъд низ саҳми арзандаи худро  гузошта, фаъолиятҳо ба олимон имконият медиҳанд, ки савияи дониш, таҷрибаву малакаи худро дар пешбурди корҳои илмӣ – тадқиқотии риштаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ боз ҳам ташаккул диҳанд.

Search