Рушди соҳаи энергетика – кафили пешрафти Тоҷикистон

ХОРУҒ, 22. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Имрӯз, 22 декабр, бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика бо ташаббуси кафедраи фанҳои муҳандисии факултети илмҳои табиӣ зери унвони «Рушди соҳаи энергетика – кафили пешрафти Тоҷикистон» конференсияи илмӣ – амалӣ доир шуд.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, декани факултет Булбулназар Имомназаров, мудири кафедраи фанҳои муҳандисӣ Ҳабиб Назриев, саромӯзгорони кафедра Равшанбек Сарадбекову Солим Шамшеров ва дигар устодону донишҷӯёни факулта иштироку баромад карданд.

Зимни ифтитоҳи расмии конференсия Т. Содатқадамова қайд намуд, ки рушди соҳаи энергетика дар тараққиёти муназзами иқтисоди Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стартегии кишвар—саноатикунонии босуръат нақши калидӣ дорад.

- Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам омад ва дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда -1», «Сангтӯда - 2», ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду тармим гаштани як қатор иншоотҳои бузурги энергетикии дорои аҳамияти стратегӣ ва дигар корҳои марбут баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ пурра мусоидат хоҳанд кард, - иброз намуд, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ қайд карда буданд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст.»

Бинобар ин, бунёду таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон ба таъмини тавозуни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, дар идоракунии устувори захираҳои обу коҳиш додани норасоии барқ дар минтақа заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар чорабинӣ устодони кафедра дар мавзӯъҳои “Гидроэнергетикаи Тоҷикистон замина ва рушди он”, “Таърихи сохтмони НОБ-и Роғун”, “Водные ресурсы Таджикистана в условиях климатических изменений” маърӯза карда, инчунин ассистентон Холиқназарова С, Хуҷаназаров М, Мамаднабиева А, Содиқова С, Ошурмамадова Г, Нуралишоева А. перомуни “Истифодабарии усули обёрии қатрагӣ”, “Гидроэнергетикаи ҷаҳони муосир”,“Ҳамкории байналхалкии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар мисоли лоҳияи  CASA 1000”,“Топливо энергетический комплекс Республики Таджикистан”, “Таҷдиди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон”,“Гидро-энергетические ресурсы Таджикистана и рациональные их использованиябаромад намуданд.

Сипас миёни иштирокдорон дар доираи мавзӯъҳои конференсия табодули афкор сурат гирифт.

“Фурӯғи Маърифат”

Search