TRIGGER - “Ташаккул додани равишҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароит барои шуғли баъдидипломӣ дар Осиёи Марказӣ”

Аз 14 январи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев лоиҳаи TRIGGER - “Ташаккул додани равишҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароит барои шуғли баъдидипломӣ дар Осиёи Марказӣ” ба фаъолият шурӯъ менамояд.

Дар ин бора Тоҷигул Мардонова - ҳамоҳангсози лоиҳа иттилоъ дода гуфт, ки лоиҳаи TRIGGER диққати худро ба се кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон) равона карда, дар дар даҳсолаи охир тағйироти назаррасе дар ин кишварҳо ба амал хоҳад овард.

- Лоиҳаи болозикр дар татбиқи ислоҳоти амиқи институтсионалӣ ва системавии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки барои таҳкими пояҳои озоди иқтисодӣ муҳиманд, мусоидат карда, дар ин асно ихтилофу монеаҳои назаррасро бартараф хоҳад намуд, - мегӯяд ҳамоҳангсози лоиҳа.

Лоиҳаи TRIGGER ба "таҳкими муносибатҳои байни мактабҳои олӣ ва муҳити васеи иқтисодӣ - иҷтимоӣ" нигаронида шудааст. Яъне он яке аз лоиҳаҳои бисёрҷониба дар доираи минтақаи ягонаи Осиёи Марказӣ буда, ба он се кишвар - Қазоқистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз ин минтақа ҷалб мегарданд.

Ҳадафи асосии TRIGGGER, ин мусоидат ба рушди иқтисод тавассути фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳтар кардани шуғли хатмкунандагон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дастгирӣ кардани омодагии донишгоҳҳо ба мушкилоти оянда, бахусус вобаста ба хусусияти соҳибкорӣ ва инноватсионии муҳити таҳсилоти олии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати соҳибкорӣ дар донишгоҳҳои шарики кишварҳо, таъсис ва такмили хидматҳои мансабӣ, шуғл ва корхонаҳо дар донишгоҳҳои шарики кишварҳо,  мустаҳкам кардани муносибатҳои байни донишгоҳҳову муҳити васеи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи болозикр то 14 январи соли 2023 фаъолият намуда, ташкилоти ҳамоҳангсози он Донишгоҳи техникии Кошитсе, Словакия мебошад.

Search