Маҳфили адабӣ ба ифтихори 79 - умин солгарди Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд

ХОРУҒ, 16. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Бахшида ба 79 - умин солгарди Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев маҳфили адабӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори маҳфили «Гулафшон» - и назди Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва Шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир шуда, дар он адибону шоирон, олимон, устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси шуъбаи бадахшонии иттифоқ Лаълҷубаи Мирзоҳасан оид ба кору фаъолият, зиндагиву эҷодиёт ва ташаббускориҳои шоири ваҳдатсаро Ш. Бунёд ҳарф зада, зикр намуд, ки номбурда тамоми умри пурфайзу баракат, донишу заковат ва дар маҷмӯъ ҷавҳари покизагии имони худро ба рушди адабиёти миллӣ, соҳаи маориф ва шеъру шоирӣ бахшида, барои халқу Ватан хизмати софдилона намудааст. Ширин Бунёд дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистон ном ва нақши худро бо меҳнати хоксорона, вале пурсамараш сабт намудааст.

Мавсуф аз адибони шинохтаю варзидаи тоҷик аст, ки дар адабиёти муосир мақому мартабаи хоси худро дорад ва бо ашъори дилнишинаш дар Тоҷикистон ва берун аз он шуҳрат ёфтааст. Муаллифи китобҳои манзуму мансури хонданист, ки муҳимтарини онҳо «Бомдод» (1982), «Зартеғ» (1985), «Шоҳи тирандоз» (1991), «Гули андеша» (1995), «Шоҳроҳи Ваҳдат» (1999), «Поси хотир» (2000), «Шерозаи ваҳдат» (2003), «Об, Замин ва одамон» (2003), «Нома дар барги ҳавас» (2011) мебошанд. Воқеан симои ӯро чун шоири баркамол, фарзанди содиқу дилбастаи Ватану миллат нишон дода, хонандаро ба ҷаҳони муҳаббату садоқат, арҷгузорӣ ба дастовардаҳои маънавии тамаддуни бузурги миллат, ҳидоят менамоянд. Китобҳои пурарзиши шоир дар тарбияи маънавии наслҳо нақши муҳим доранд.

Ширин Бунёд дар баробари офаридани асарҳои баландғоя, вазифаҳои зиёди ҷамъиятӣ, аз қабили узви Садорат ва раиси Бахши Бадахшони Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, раиси бахши вилоятии Бунёди сулҳи Тоҷикистон, узви Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, узви Комиссияи вилоятӣ оид ба танзими расму оинҳои мардумӣ ва амсоли онҳоро бар зимма доштааст. Барои хизматҳои арзандааш дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангӣ сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», ордени «Дӯстӣ», медали юбилейии «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра гардонида шудааст.

Бояд гуфт, ки дар маҳфили адабӣ, инчунин доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридев, шоир Хушомади Алидод, номзади илмҳои филологӣ Ҳабиба Элназарова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Дидоршо Насриддинов дар хусуси «Фаъолияти рӯзноманигории Ширин Бунёд», «Хотираҳо аз мактаби адабии Ширин Бунёд», «Нақши устод Ш. Бунёд дар тарбияи адибони ҷавон» ва «Васфи ваҳдат дар ашъори устод Ш. Бунёд» баромад намуданд. Дар фарҷом донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ашъори баландмазмунро аз эҷодиёти шоири ширинсухан қироат карданд.

"Ҷавонони Тоҷикистон"

Search