Ҳайати нави Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ДДХ

Ёздаҳуми декабри соли 2020 дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо иштироки сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сураҷ Чоршанбиев, муовини ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров, муовини сардори раёсат Юсуф Асадбеков, масъулини Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва донишҷӯён ҷаласаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гашт.

Н. Қамбаров дар ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, вобаста ба такмили он хосса аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташаббусҳои воқеӣ амалӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки  иштироки  фаъоли ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бараъло эҳсос мегардад.

Дар идомаи ҷаласа С. Чоршанбиев, сардори раёсат ва роҳбари филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят перомуни мақсаду маромҳои созандаи иттифоқ ҳарф зада қайд кард, ки он дар ҳаёти имрӯзу ояндаи наслҳо, бахусус ҷавонон саҳми арзанда дорад.

- Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тамоми кӯшиҳоро ба харҷ медиҳад, то аъзоёни он ҷавонони солимфикру серғайрат бошанд ва дар ободониву созандагии кишвар аз ҳарвақта бештар ҳиссагузор шаванд, - зикр намуд, С. Чоршанбиев.

Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Дидоршоҳ Насриддинов дар баромади худ аз дастгириҳои раёсати ДДХ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар шуда, афзуд, ки маҳз бо дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ дар донишгоҳ ҳайати нави Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб мегардад.

Ҳамин тавр, дар мувофиқа бо ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳ Дидоршоҳ Насриддинов, муовини аввали раис Асаншоев Давлатқадам ва Гулшаева Некубахт ба сифати муовини раиси филиали иттифоқ таъин шуданд.

Search