Маҳфили "Химикони ҷавон" таъсис ёфт

Бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) барои ҷавонону наврасон маҳфили "Химикони ҷавон" таъсис ёфт.

Дар ин бора мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Дидоршоҳ Нариддинов иттилоъ дода гуфт, ки маҳфил бо ҳадафи омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва тавсеаи тафаккури техникии наслиҳои ояндасоз дар назди факултети илмҳои табии ДДХ ташкил гардида, ба он инчунин волотёрон ҷалб гаштанд.

Ҳамарӯза аъзоёни маҳфил баъди дарсҳои назариявӣ дар озмоишгоҳҳои мавҷудаи донишгоҳ бо устодони ихтисоси химия реаксияҳои кимиёвӣ, таҷрибаҳои илмӣ ва дигар корҳоро анҷом дода, аз натиҷаҳои фаъолият ба муаллимон ҳисобот пешкаш мекунанд.

Бояд гуфт, ки ғайр аз "Химикони ҷавон"дар донишгоҳ маҳфилҳои “Математикони ҷавон”, “Ҳуқуқшиносони ҷавон”, “Кишваршиносони ҷавон”, “Нозирони сабз”, “Омӯзгори наврас”, “Лингвистони ҷавон”, “Хониши бадеӣ” ва“Гулафшон” фаъолият дошта, дар баланд бардоштани малакаю маҳорат ва ҷаҳонбинии илмии наслҳои ояндасоз нақши муҳим мебозанд.

http://www.javonon.tj/news/maorif-va-ilm/khoru-ma-fili-khimikoni-avon-tasis-yeft/

Search