Дар доираи татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва бо ҳадафи баланд бардоштани савияи дониши ҷавонону омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев китоби нав бо унвони “Бозомӯзии забонҳои барномасозӣ” ба табъ расид.

Дар китоб яке аз роҳҳои пурсамар барои омӯзиши забонҳои барномасозии C++ ва VB бо усули амалия нишон дода шуда, ҳар як қисми он барои оммафаҳм будан, мукаммал намудани донишу бозомӯзии хонандагон ҷавобҳои масъалаҳо ва супоришҳои додашуда низ пешниҳод гардидааст.

Ба иттилои муаллифи китоб, саромӯзгори донишгоҳ Зокир Шомуродов, супоришу масоил дар китоб пайи ҳам, яъне шурӯъ аз барномаҳои оддӣ то барномаҳои мушкилтари компютерӣ ба тартиби муайян ҷо дода шуда, он инчунин барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейю коллеҷҳо, донишҷӯёни ихтисоси барномасоз ва шахсоне, ки хоҳиши кор кардан бо барномаҳои C++ ва VB – ро доранд, пешбинӣ гардид.

“Дар баъзе макотиби ноҳияҳои дурдасти кишвар, бахусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷҳизоти компютерӣ мавҷуданд, аммо норасоии кадрҳои ихтисоси барномасоз ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасад. Аз ин ҷиҳат, китоби мазкур барои муаллимони фанни компютер ва ҳам шогирдони онҳо чун обу ҳаво зарур мебошад”- гуфт, З. Шомуродов.

Мавриди қайд аст, ки ҳоло муаллиф танҳо қисмати аввали китобро нашр намуда, он иборат аз 180 саҳифа, 18 мавзӯъ ва фарогири 200 адад супоришу масъалаҳо мебошад. Яъне аз ин теъдод 100 масъала бо ҷавобҳои мушаххас ва 100 супориши дигар барои кори мустақилона дарҷ ёфтаанд. Муаллиф дар оянда нақша дорад, ки чор қисмати дигари китобро бо фарогирии 800 супоришу масъаларо дар соҳаи барномасозӣ таълиф намояд.

http://javonon.tj/news/social/ddkh-vobasta-ba-barnoma-oi-od-va-mushkiltari-kompyuter-kitob-nashr-shud/

Вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31. 01. 2020, № 1445 оид ба эълон гардидани 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорон дар давоми таътили зимистона дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев курси даҳрӯзаи омӯзиши технологияи иттилоотӣ оғоз гардид.

Курси даҳрӯза дар доираи Барномаи курси даҳрӯзаи омӯзиши технологияи иттилоотӣ, ки соли равон аз тарафи муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” тасдиқ шудааст, сурат гирифт.

Мақсади асосии барнома баланд бардоштани маҳорати касбӣ, рушди фарҳанги техникӣ, такмил додани донишу истифода аз технологияи муосири таълим, усулҳои нави инноватсионии таълим, масъалаҳои муҳими афгори нави техникӣ ва ғояҳои асосии омӯзиши фарҳангӣ – техникӣ мебошад.

Дар кушодашавии расмии курси даҳрӯза ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода иштироку баромад кард ва аз ҷумла, иброз намуд, ки ҷиҳати омӯзиши амиқ, истифодаи самараноки технологияи муосир аз қабили тахтаҳои нави электронӣ, видеопроектор ва дигар таҷҳизоти техникию лабораторӣ омӯзгорону кормандонро лозим аст, ки ҳамаи нозукиҳои технологияи навро аз худ кунанд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ махсус таъкид намудаанд, ки “Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”. Аз ин рӯ, роҳандозии чунин курсҳои омӯзишӣ сарифақтӣ ва ба ҳадаф мувофиқ мебошанд”,

- афзуд, профессор Г. Юсуфзода.

Бояд гуфт, ки ҳоло зиёда аз 40 нафар кормандону омӯзгорони донишгоҳ ба курси даҳрӯза ҷалб шуда, он то санаи 27 – уми моҳи январ идома меёбад.

“ФМ”

17 январи соли 2022 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода машварати ректорат баргузор гашт.

Дар машварат муовинони ректор, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, деканони факултетҳои филологияи тоҷик, иқтисоду илмҳои табиӣ, забонҳои хориҷӣ, таърих ва ҳуқуқ, педагогӣ, мудирони шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ, кафедраҳои умумидонишгоҳиву шуъбаи кор бо ҷавонон ва дигар кормандони сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи машварат, баррасии масъалаи имтиҳонсупорӣ ва натиҷаи даври асосии дар факултетҳо н. и. и. М. Алиёрова, н. и. ф А. Насрадишоев, н. и. ф. Л. Назрхудоева, д. и. ф. С. Абодуллоева, н. и. ф. м. Ҷамшед Заргаров, м. к. Т. Мирзоев, н. и. ф. Ш. Шозиёев ва муовини декан оид ба тарбияи фак. биология А. Смоилбеков ахборот доданд.

Масъалаи даври асосии имтиҳонот ва ширкати донишҷӯён дар онҳо ҳам ба таври васеъ муҳокима гардида, профессор Г. Юсуфзода деканҳоро муваззаф намуд, ки аз ин ба баъд рафти иштироки донишҷӯён дар санҷишу имтиҳонот ҷиддитар гирифта, дар доираи имкониятҳои мавҷуда муҳассилонро дастгирӣ намоянд.

«Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз соли 2021 то инҷониб дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ натиҷаҳои баланду ифтихориро соҳиб шуда, номбардори донишгоҳ гаштанд. Аз ин рӯ, чунин донишҷӯён фахри кишвари мо – Тоҷикистони азиз, ВМКБ ва донишгоҳ мебошанд ва аз ҳар ҷиҳат бояд дастгирӣ ёбанд»

- иброз намуд, профессор Г. Юсуфзода.

Дар идомаи машварат вобаста ба масъалаи татбиқи тадбирҳо ҷиҳати амалӣ намудани ташаббуси чоруми чаҳонӣ дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, дар солҳои 2018 – 2028» дар донишгоҳ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, н. и. б. Т. Содатқадамова маълумот пешниҳод намуд ва вобаста ба татбиқу роҳандозии чорабиниҳои донишгоҳӣ дар ин самт ахборот дод.

Сипас ректори донишгоҳ масоили дарки мазмуну моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ дар ин самт, омӯзиши забонҳои давлатӣ, русию англисӣ, эмгузаронии навбатии омӯзгорону кормандон, ҷалби ҳарчи бештари довталабон барои таҳсилу бозомӯзӣ дар донишгоҳ ва татбиқи ихтирооту навоварӣ, тарзи дуруст омода кардани ҳисобот мавриди баррасӣ қарор дода, баъдан як қатор қарорҳои дахлдори машварат қабул гардиданд.

"ФМ"

Бо ҳадафи таҳким бахшидани донишу маҳорати омӯзгорон дар самти тафаккури интиқодӣ дар Маркази Русияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев семинари илмӣ - омӯзишӣ дар мавзӯи “Бо усули нав омӯхтану аз худ кардан ҳаргиз дер намешавад” оғоз гардид.

Ба иттилои ташкилкунандаи семинар - н. и. ф. Мунира Таваккалова, семинар бо дастгирии модии Ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди мадад” дар Тоҷикистон ташкилу доир гардида, курсҳои омӯзишии он барои зиёда аз 30 нафар омӯзгор пешбинӣ шудаанд.

Ҳамин тавр, курсҳои семинар то моҳи майи соли равон дар донишгоҳ гузаронида шуда, инчунин устодони кафедраи забон ва адабиёти руси ДДХ ба сифати тренерони семинар ҷалб карда мешаванд.

Қайд гардид, ки баргузории чунин семинар барои омода намудани мутахассисони самти тафаккури интиқодӣ мусоидат хоҳад намуд ва дар охир ба иштирокчиёни он шаҳодатномаҳо супорида мешавад.

“ФМ”

Пятница, 14 января 2022 05:08

ҚАДРДОНӢ АЗ ОМӮЗГОРОНИ МТМУ

Чанде пеш директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3 – шаҳри Хоруғ Тахмина Ёдгоршоева, омӯзгори ҳамин мактаб Рамзия Сомиддинова баҳри заҳматҳои босамару ҳамкориҳои судманд бо Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва саҳми арзанда гузоштан дар омодакунии донишҷӯён барои олимпиадаҳои байналмилалӣ бо сипосномаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, профессор Гулзорхон Юсуфзода қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими тақдими сипосномаҳо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова иброз намуд, ки Раёсати донишгоҳ ба таҳкиму тақвияти илмомӯзӣ, омодакунии мутахассисону олимони ҷавон ва ширкати муҳассилон дар олимпиадаву мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун таваҷҷуҳи асосӣ равона мекунад. Бинобар ин, ҳамин гуна ташаббус ва ҳамкориҳои судманд бо донишгоҳ ҳамеша маъқул дониста мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки ба наздикӣ даври охири Олимпиадаи умумирусиягии фосилавии донишҷӯён (бо иштироки байналмилалӣ) «Педагогика: амалияи самараноки таълим» низ ҷамъбаст гардид, ки дар он Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз миёни 35 донишгоҳи Федератсияи Русия ва кишварҳои ИДМ (Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ҷойи дуюмро игшғол намуд.

Ғолибон - донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо диплом, тӯҳфа ва сертификатҳои Донишгоҳи давлатии гумнатитарӣ – педагогии Алтайи Федератсияи Русия мушарраф шуданд. Инчунин, ғолибони мақоми ифтихорӣ ва устодони онҳо бо ифтихорномаву мукофоти пулии ректор, профессор Г. Юсуфзода қадрдонӣ гаштанд.

ФМ”

Баҳри ба даст овардани Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бо ҳадафи таҳкими тарзи ҳаёти солиму оммавияти варзиш дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ байни 12 дастаи ҷавонон мусобиқаи футбол баргузор гардид.

Дар мусобиқа асосан донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва кормандони ҷавони раёсату идораҳои маҳаллӣ бо ҳам рақобат намуда, ғолибон бо ҷом, медал, ифтихорнома, мукофоти пулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят мушарраф шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои даври ҷамъбастӣ зинаҳои сеюму дуюм насиби дастаҳои “МИҲД – и шаҳри Хоруғ” ва “Ҷавонон” гардида, тими “Донишгоҳи давлатии Хоруғ” бошад мақоми аввал ва Ҷоми Раиси ВМКБ – ро ба даст овард.

Мавриди қайд аст, ки ректори ДДХ, профессор Гулзорхон Юсуфзода аъзоёни дастаи донишгоҳро баъди ғолибият дар мусобиқаи вилоятӣ бо як дилгармии хосса ба ҳузур пазируфта, дар рафти мулоқот онҳоро боз ҳам ба дарки моҳияту асолати ватандорӣ, вафодор будан ба миллату давлат, ба таври шоиставу созгор пеша намудани шуғлу зиндагӣ ва дар рӯҳияи худшиносӣ пеш бурдани кору фаъолият ҳидоят кард.

Дар интиҳо Г. Юсуфзода ғолибонро бори дигар барои шарафёб шудан ба мақоми аввалу дарёфти Ҷоми Раиси вилоят самимона таҳният гуфта, дар таҳсилу фаъолиятҳои минбаъдаашон тандурустӣ, барору комёбӣ ва музаффариятҳои нав таманно намуд. Инчунин ғолибон бо ҳадяи пулии Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гаштанд.

“ФМ”

Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода ба муносибати фарорасии Cоли нави мелодии 2022.

Ҳамаи омӯзгорон, ҳамкорону донишҷӯён ва ҳамдиёрони азизро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ бо гармтарин шодбошиҳо, хуштарин таманниёт ва умеду эътимод ба фардои нек табрику шодбош менамоям.

Инак, боз як соли дигар аз ҳаёти мо бо дастовардҳои зиёд паси сар шуд. Яъне соли 2021-ро паси пардаи таърих гусел менамоему соли 2022 - ро бо шукўҳу шаҳомати хоса ва умед ба фардои нек ва осудагиву пешрафти кишвари азизамон, Тоҷикистон истиқбол менамоем.

Соли нави мелодиро бо бардошти таассуроти нек аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешвоз гирифта, дар доираи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри ободию сарсабзии Ватану пешрафти он қадамҳои устувор мегузорем.

Дар Паёми имсола самтҳои муҳимтарини пешрафти кишвар, аз ҷумла боз ҳам таҳкиму тақвият додани соҳаи маориф ва илм, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, рушди саноат, татбиқи стратегияҳои миллӣ ва дигар марому ҳадафҳои созанда таъкидҳои саривақтӣ ироа гаштанд. Бахусус, Сарвари давлат зикр намудаанд:

 “Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд”.

Инчунин бояд гуфт, ки соли равон барои миллати соҳибфарҳанги мо соли таърихӣ буд. Зеро дар ин сол мардуми Тоҷикистон 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар зери фазои сулҳу ваҳдату ягонагӣ ва бо шукўҳу шаҳомати баланд ҷашн гирифтанд.

Бори дигар ҳамкорону донишҷӯён ва дар умум ҳамдиёрони азизро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон фазои осудагӣ, тандурустӣ, хонаободӣ ва амну амониро орзу менамоям. Соли Нав муборак!

Четверг, 30 декабря 2021 06:48

МУЛОҚОТ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ

Бо ҳадафи расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар, муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев бо устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқот намуданд.

Сараввал Н. Асламшоева, муовини раиси вилоят аҳли донишгоҳро бо фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, хоса иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Мирзонабот Алишери Худоберди табрику таҳният намуда қайд кард:

“Паёми имсола фарогири 30 соли таърихи соҳибистиқлолии кишвар, рушду нумӯи соҳаҳои афзалиятнок ва таҳрикдиҳандаи ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва сиёсати созандаву маънавиёти кишвар мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид намуданд, ки бузургтарин дастоварди миллӣ ин ваҳдати комили миллату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон буд ва маҳз бо дастгирии халқи ватандӯсти тоҷик рӯи даст омад”.

Дар ин росто Сарвари давлат дар Паём ба таври равшан таъкид намудаанд:

“Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”.

Дар идомаи мулоқот зикр шуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф, таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои тайёр намудани мутахассисони соҳибмаърифат ва баланд бардоштани малакаи касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ки

“Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд”.

Дар вохурӣ инчунин доир ба дигар мавзӯъҳои асоси Паём, ҳадафҳои стратегии миллӣ, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, рушди саноату бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва “Себзор”, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум”, омӯзиш ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ изҳори назар карда шуда, байни ҷамъомадагону муовини раиси ВМКБ табодули афкор сурат гирифт.

“ФМ”

Чанде пеш таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба таълим, н. и. т., дотсен Мамадризо Алимшоев ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа ичунин муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия, робитаҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва хоҷагидорӣ, ҳайати профессорону номзадони илм, сардорони раёсати таълиму кор бо кадрҳо ва корҳои махсус, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳиву дигар аъзоёни шуро иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа оид ба корҳои таълимӣ, равобити байналмилалӣ ва молияю хоҷагидорӣ, ишғоли вазифаҳои озод дар донишгоҳ давоми соли 2022 досент М. Алимшоев, Б. Бахтиёров ва н. и. и., О. Сайфуллоева ҳисобот доданд.

М. Алимшоев аз аъзоёни шуро даъват ба амал овард, ки бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ, интихобу омода кардани мутахассисон ва ироаи мавзӯъҳои нави илмӣ софдилона талош намуда, дар рушду пешравии донишгоҳ аз аввала бештар ҳиссагузор бошанд.

Сипас аъзоёни шуро дар доираи талаботи озмуни пешакӣ эълоншуда дар матбуот ва ба тариқи овоздиҳӣ мудирони нави баъзе кафедраҳои донишгоҳиро интихоб карда, ҷаласа бо қабули ду мавзӯи рисолаи илмӣ ва дигар қарорҳои дахлдор ба анҷом расид.

Имрӯз, 29 декабри соли 2021 ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, профессор Гулзорхон Юсуфзода барои саҳми арзанда гузоштан дар ташвиқу тарғиби матбуотӣ даврӣ ва ба муносибати 90 – солагии таъсисёбии рӯзномаи “Бадахшон” бо сипоснома, китоби тознашри “Оинаи таърих” ва шумораи махсуси ҷашнии рӯзнома қадрдонӣ гардид.

Мавриди қайд аст, ки китоби “Оинаи таърих” ба 90 - солагии ин нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида шуда, дар он ба таври фишурда оид ба таърихи таъсисёбии рӯзнома, ёддоштҳои кормандон ва ҳамкорони он аз солҳои гуногун ва дигар маводҳо вобаста ба ҳаёту фаъолияти 90 солаи тамоми қишриҳои ҷомеа ва мавҷудияти вилоят ҷамъ оварда шудааст.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ рӯзномаи бузургтарини вилоят, “Бадахшон”-ро ба муносибати навадсолагӣ ва фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуда, ба роҳбарияту аҳли эҷодии он тансиҳатӣ, бурдбориҳои нав ва қалами бурро таманно доранд.

“ФМ”

Страница 1 из 135

Search