КАБИРИҲО АЗ АНДЕШАИ МИЛЛӢ ОРИАНД

Таъсиси созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” дар хориҷи кишвар бо ташаббуси Кабирӣ аз рӯзҳои аввал чеҳраи худро ба миллат  муаррифи кард. Ин  созмон  аслан  созмони  гурезаҳои ҲНИТ буда, амалиёти  эшон аз амалиёти ҲНИТ тафовуте  надорад. Аъзоёни ҲНИТ дар либоси нави Кабири боз ҳамон нақшаҳои куҳнаро, ки миллатро ба роҳи гумроҳи андохта, кинаву адоватро байни минтақаҳо барангехтанд, падид омаданд.

   Назари ин  афрод  бо  ҳаводиси  ҷомеа аз  нуқоти  имрӯза  ҳамчун падидоварандаи  фазои нави мубориза  зидди давлат  муайян  гардид. Кабирии дар андешаҳои худ фрӯрафта пайваста дар атрофи худ ситезагарони нав ба навро гирд оварда, эшонро сӯи  ҷомеаи Тоҷикистон  ва роҳбари  он  равона  месозад.

   Аз нукоти ин  барх  бармеояд, ки ҳадафи  меҳварии онҳо  ин  дар байни  афроди ҷомеаи Тоҷикистон  парвариш додани афкори нав афкори муқобили  давлатӣ ва ба ин роҳ истифодаи тамоми воситаҳои ифротӣ ҳасту халос. Ифротгароӣ бо василаи тарғиби ислом дар андешаҳои миллӣ аслияти ин муамост.

   Таваҷҷӯҳ бояд кард ба  баромади аъзоёни ин  созмон, ки имрӯз дар шабакаҳои иҷтимои ҷилва доранд.

   Андеша ва афкори онҳо  андешаи зидди миллӣ  буда  аз  назарияҳои ифротӣ  ва  мазҳабиву  маҳалгарои  замина мегирад.

  Агар  мавҷудияти ин  созмонро ба  риштаи  таҳлил  баркашем  дар  он  ба  ҷуз  дасисаву  бӯҳтон  ва  дурӯғу  камбудиҷӯи  дар  ҳақи  давлату  миллат  дигар  чизеро  дидан  наметавонем.

  Ин созмон аз  давраи  нахуст қадам гузоштанаш андешаҳои  зиддӣ  миллиро  дар  шабакаҳои интернетӣ  роҳнадозӣ намуд.

  Тақвият  ёфтани  ин андеша дар  шабакоҳи  иҷтимоӣ  албатта  наметавонад  ба  андешаи  миллӣ  халал   ворид намояд, аммо  тақвият бахшидани  мубориза  бар муқобили  ин  созмон  аз  назари  амнияти  миллӣ  муфид  мебошад, ба хотири  ҳифзи манфиатҳои миллӣ  ва  андешаҳои  милии  насли  ояндасози миллату  давлат.

  Маҳз  аз  ҳамин  лиҳоз  фош намудани асъори  пархошгарон  шарт  ва  зарур  аст.

  Бояд гуфт, ки Кабирӣ Кабирӣ аст. Ӯ дигар  нахоҳад шуд. Аз он сабаб, ки дар андешаҳои  ӯ андешаи милӣ ҷой  дорад. Андешаи миллӣ ин мафҳуми мураккабест, ки он аз худшиносии миллӣ ҳувияти миллӣ  нангу номус ва  ҳадафу ғурури  миллӣ иборат  аст.

 Кабириҳо аз ин муҳимот орианд. Пас эшон аз  барои ватандориву эҳсосоти миллӣ бегонанд.

ШАҲРИЁР

Search