Бадхоҳони миллат ба мақсад нахоҳанд расид

Ифротгароён ва пайравони гурӯҳҳои террористӣ барои ташвиқу таблиғи андешаҳои ботили худ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд. Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини куштору даҳшатафканиҳои гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави мамлакатҳои мусулмонӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд.

 Бадхоҳони миллати тоҷик мардумро мехоҳанд бовар кунонанд, ки суханонашон ҳама аз рӯи адлу инсоф ва адолат аст. Аммо, дар асл бо роҳи фиреб ҳаргуна камбудиҳои ночизи ҷомеаро чанд баробар зиёд карда, бо ин роҳ мехоҳанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки поягузори сулҳу ваҳдат аст ва суботи ҷомеаро таъмин мекунад, ба чашми мардум бадному гунаҳкор нишон диҳанд. Чунончӣ, роҳбарон ва аъзоёни собиқ Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар фирор кардаанд, бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ва дигар гурӯҳҳои зидди давлатӣ ҳаррӯза ва бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор намуда, вазъиятро дар кишвар ноором кунанд. Лекин ба ин бозиҳои авомфиребони худ, халқи ваҳдатофарандаи тоҷикро дигар фиреб дода наметавонанд, чунки халқи мо заҳри ин амалҳои онҳоро солҳои 90-уми асри гузашта чашида буд. Рӯзҳои вазнини мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромӯш намешавад. Ҳазорҳо нафар шаҳрвандони кишвар ба мамлакатҳои дурру наздик гуреза шуданд. Ба раванди ҳаёти осоишта халал ворид гардида, мардум ба тарсу таҳлука афтода буд, хатари аз байн рафтани миллат ва порча-порча шудани кишвар эҳсос мегардид.

Иқрори гурӯҳи террористии пайравони ҲНИТ оид ба роҳбарии Назарзода А. ва дастгирии хоҷагони хориҷиашон ба куштори фарзандони фарзонаи миллат Осимӣ, Ғуломов, Латифӣ, Олимпур, Кенҷаев ва дигарон даст дошта, маротибаи дигар исбот кард, ки мақсади асосии онҳо аз байн бурдани мафкураи миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва пойбанди хоҷагони хориҷии худ кардани миллати мо мебошад.

Падидаҳои «ДОИШ», «Ал-Қоида», «ҲНИТ», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва монанди ин ҷараёнҳои террористиву зиддимиллӣ қатъан чизҳои нав нестанд. Ин гуна ҳаракатҳо дар таърихи инсоният ҳазорҳо сол вуҷуд доштанд. вуҷуд доранд ва вуҷуд хоҳанд дошт. Дар шаклҳои дигар. Дар асоси ақидаҳои дигар (диннӣ ва ғайридинӣ). Бо пуштибониҳои дигар. Бо истифода аз маблағҳои дигар.Бо номҳои дигар. Бо ҷеҳраҳои дигар (С. Ятимов «Илм ва амният», рӯзномаи “Ҷумҳурият” таҳти №107 аз 30.06.2017 с).

Аз ин хотир, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, зеро душманони хориҷиву дохилӣ боз мехоҳанд амнияти Тоҷикистонро зери хатар гузоранду миллатро ба нобудшавӣ расонанд. Ба ин гурӯҳи душманони миллати тоҷик гуфтанием, ки халқи тоҷик пуштибон аз Пешвои миллат аст, дигар ягон қуввае наметавонад, ки Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти миллати моро барҳам занад. Зеро сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст, борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки «Шукронаи давлату миллат ва ҳамин сарзаминро, ки номаш Тоҷикистон аст, бояд ба ҷо биёрем, то дар зиндагӣ бозичаи дасти дигар қавму миллатҳо нагардем… » 

Search