Назари Президенти Россия оид ба масоили Афғонистон

 “Афғонистон мамлакати сермиллат аст. Дар он беш аз 20 миллату халқият зиндагӣ доранд. Ҳайати аҳолии Афғонистон дақиқан омӯхта нашудааст, вале мутобиқи маълумоти омории соли 2017 аҳолии Афғонистон 35 — млн нафарро ташкил дода, аз ҷумла 2 млн кӯчиҳо. Дар ҳайати он тоҷикон 46 %, паштун 37 %, ҳазораҳо 8 %, ӯзбекҳо 6 %, туркманҳо 2,0 % ва боқӣ, балуҷ, қирғиз, чордеҳҳо, лӯлӣ ва дигарон халқиятҳои хурд дохиланд. Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ 2,6 % буда, зичии миёна дар 1 км² 38 нафар мебошад; дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 44,6 сол (мардҳо 44,2 ва занҳо 47,8). Зичии бештари аҳолӣ дар Ҷалолобод, Ҳирот, Қандаҳор, Балх мушоҳида шуда, ба ҳар як км² то 250—400 нафар рост меояд. Мутобиқи маълумоти расонаҳои итти­лоотӣ, дар давоми 25 соли нобасомониҳо (аз соли 1985 ба баъд) дар Афғонистон бештар аз 2 млн нафар нобуд шуда, қариб 4 млн нафар тарки ватан кардаанд. Тамоми сокинони Афғонистон мусулмонанд(95 % ҳанафӣ ва 5 % шиъа)”Аз манбаъгирифта шуд”

Пас аз истилои толибон вазъ миллӣ дар ин давлат рӯ ба маҳдудият ниҳод . Аз он ҷумла, барои тоҷикони муқимии ин сарзамин ,ки қарнҳо боз дар он ҷо зиндагӣ доранд , аз тарафи толибон маҳддудияти илмиву фарҳангӣ ва сиёсӣ ворид карда шуд.

Толибон дар ин росто нахуст тоҷиконро   аз давлатдорӣ барканор намуда, ягон хусусияти миллӣ ва ақалиятҳои онро ба инобат нагирифтанд.

Дар давлати нимсохтаи толибон  манфиати дигар миллатҳо аз он ҷумла тоҷикон ба назар дошта нашудааст.  Дар ҳама сохторҳо пурра бартарии пуштунҳо , ки 30-35 фоизро ташкил медиҳанд ,ҳис карда мешавад. Тайи чанд моҳ аст, ки пуштунҳо дар бораи сохтани як давлати фарогир қадаме набардоштаанд.Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ талош бар созиши ин давлати фарогир ва бо назардошти манофеи занон   ба таҳсилоту корро дорад.

Маҳз чанде пеш Президенти давлати Россия Путин дар ин хусус ибрози назар намуд,ки хело ҷолиб ва боиси ифтихори тоҷикон аст.

Владимр Путин иброз дошт,ки тоҷикон дар ин сарзамин яке аз қавмиятҳои қадимӣ буда , решаи пайдоиши он ба қарнҳо рост меояд. Забони дари дар ин ҷо ҳамеша забони давлатӣ буда,худи тоҷикон низ давлатдор ва соҳиби илму фарҳанги хос мебошанд. Имрӯз сазанда нест,ки ин ин миллат аз соҳаи давлатдорӣ барканор монанд.

Путин оиди сохтани як давлати фарогир  ах тоҷикон ва дигар қавмиятҳоро пешниҳод намуд. Нуқтаи муҳими сухани Владимр Путин дар он аст,ки имрӯз манфиати тоҷиконро таҳти ҳимоя дошта,ҷалби онҳоро дар давлатдлорӣ  ва эҳтироми расму оин ва ҳуқуқу манфиатҳои миллиашонро тақозо дорад.

Ин нуқтаи назар барҳақ, аст зеро толибон имрӯз тамомти ҳуқуқ ва манфиатҳои тоҷикон ва дигар қавмиятҳоро зери по намуда, сохтан як давлати таталитариро бо табори пуштун дар назар дорад.

Путин ягона Президентест,ки борҳо дар ин хусус нахуст нуқтаи назари Президенти Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, дар ин ҷода ҳамрайи ҳаммаслдакии худ ва давлати худро нишон дод.

Ин раванд умедест бар ояндаи Афғонистон.

Шаҳриёр

Search