"Сиёсат аз барои дустӣ нест, аз барои манфиат аст"

Дар чое хонда будам, ки Уинстон Черчил гуфтааст: "Сиёсат аз барои дусти нест, аз барои манфиат аст".

Гуфтахои ин сиёсатмадор дар хакикат чой доранд. Инро ба хуби дар сиёсати пешгирифтаи Хукумати Русия дарк кардан мумкин аст. Давлати Русия дар ин солхои тулони, ки дар Афгонистон чанги шахрванди идома дорад, тавонист нигохи хешро нисбати тарафхои даргир иваз намояд ва ин раванд то ба имруз идома дорад. Инро дар мисоли оди метавонем дид. Аз аввалин давлатхое гашт, ки хукумати Толибонро пазируфт. Сафири давлаташ нисбати гурухи Толибон чунон нуктаи назар намуд, ки хамаро хайратзада сохт.      Толибонро, ки то имруз чун харакати террористи ва мамнуъ мешинохт, чун дуст муаррифи намуд.

 Андешахои имрузаи Президенти Русия дар чаласаи клуби байналмилалии "Валдай" нисбати вазъи имрузаи Афгонистон маро шигифзада кард. Ба андешахое, ки гуё аз 40 то 47 фоизи Толибонро точикон ташкил медода бошанд, тамоман бовари надорам. Намедонам, ки рохбари яке аз давлатхои абаркудрат ин далелро аз кучо гирифта бошад.

 Шояд ба иштибох рох дода бошаду ба чои шумораи умумии ахоли, ки 40-47 фисадро ташкил мкдиханд, дар назар доштааст. Агар чунин аст, ки Путин андеша дорад, чаро рохбари Муковимати милли дар Афгонистон Ахмади Масъуд ба онхо ру намеорад. Чаро аз байн нафаре пайдо намегардад, ки дар Хукумати Толибон чой дода шавад.

 Пешвои муаззами точикон мухтарам Эмомали Рахмон ба чомеаи чахони мурочиат карда буд, ки Толибонро мебояд хангоми таъсиси хукумат акалияти кавмиро ба инобат гиранд. Ин пеш аз хама ба он хотир буд, ки саросар Толибон аз паштунхо иборат аст, на танхо дар хукумат, балки ба пурраги. В.В. Путин зикр кардааст, ки бо нерухои сиёсии Афгонистон дар тамосанд. Шояд ин акидахо дар нисбати точикони Афгористон боз як бозии сиёсинст, ки ба манфиати огхо анчом хохад ёфт.

Search